Имомзода ва Шоҳин Саидзодаро чаро барканор карданд?

Дар фармонҳои барканории ду мақоми аршади бахши маорифи Тоҷикистон сабабҳо зикр шудаанд.

— Дар фармони президент барои барканории Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ сабабаш зикр гардидааст,- иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бар асоси фармони нашршудаи президент, Имомзода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод гардидааст. Аммо вазифаи нави Имомзода чӣ хоҳад буд, феълан маълум нест.

Саидзода Шоҳин

Дар баробари ин Саидзода Шоҳин, ки аз таъсисёбии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент роҳбарии ин ниҳодро ба уҳда дошт, аз мақом барканор гардид.

Дар фармони барканории Саидзода низ сабаб гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо вазифаи нави ӯ низ феълан маълум нест.

Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид, собиқ вазири маориф ва роҳбари феълии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайи тағйироти кадрӣ дар бахши маориф, Саидзода Раҳим Ҳамро вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия муовинони вазири маориф таъйин гардиданд. Роҳбарони навтаъйин мутахассисини бахши техникию иқтисод муаррифӣ мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *