Ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе дар Самара изтироран нишаст

15-уми май як ҳавопаймое, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, дар фурудгоҳи Самара фуруди изтирорӣ кард. Дар ин бора «AVIAINCIDENT» дар Telegram-канали худ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти мавҷуда, экипаж ҳангоми парвоз хабар додааст, ки яке аз мусофирон худро бад ҳис мекунад. Аз ин сабаб қарор дода шуд, ки ҳавапаймо дар аэродроми ғайринақшавии Самара (Курумоч) фуруд ояд.

Маълум мешавад, ки ҳавопаймо сигналҳои таъҷилӣ ё изтирорӣ надодааст. Ҳамзамон, ҳангоми расидан мошини ёрии таъҷилӣ дархост карда шуд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Люксембург дар ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 747-и ширкати Cargolux пояи самти рост шассӣ канда шуд.

Ҳавопаймо ба Чикаго парвоз мекард, аммо ба далели мушкилоти техникӣ маҷбур шуд, ки баргардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *