ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ АНВАРӢ
Алӣ Авҳадуддин Муҳаммад Анварӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти нимаи дувуми асри XI ва ибтидои асри XII тоҷику форс аст. Ӯ дар Абевард ном қасабаи Хуросон, ки бо Ховарон низ машҳур мебошад, таваллуд ёфтааст. Оид ба Анварӣ тазкиранависони асрҳои гузашта, монанди Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» (асри XIII), Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» (асри XV), Амин Аҳмади Розӣ дар «Ҳафт иқлим» (охири асри XVI) Шерхони Лӯдӣ дар «Миръоту-л-хаёл» (асри XVII), Лутфалибеги Озар дар «Оташкада» (асри XVII), Ризоқулихон Ҳидоят дар «Маҷмаъу-л-фусаҳо» (асри XIX) ва дигарон маълумоти пурқимат додаанд.
Бояд гуфт, ки то аз чоп баромадани асари олими номии рус Валентин Жуковский[1] дар адабиётшиносӣ Анварӣ чун шоири маддоҳ ва ашъораш душворфаҳм машҳур буду бас. Маҳз В. Жуковский буд, ки ӯ на танҳо баъзе лаҳзаҳои ҳаёти шоир, балки хусусиятҳои диққатангез ва масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ доштани назмашро ошкор намуда, ӯро дар адабиёти ҷаҳон машҳур сохт.
Асари В. Жуковскийро метавон яке аз таҳқиқоти аввалин дар Россия шуморид. Девони Анварӣ чанд бор дар Эрону Ҳиндустон чоп шудааст. Хизмати олими намоёни Эрон Муҳаммадтақӣ Мударриси Разавиро, ки девони дуҷилдаи Анвариро ба чоп ҳозир сохтааст, туҳфаи хубе ба хонандагони имрӯзаи тоҷику форс метавон донист[2]. Мударрис Разавӣ девонро дар натиҷаи заҳмати чандсола ва омӯзиши нусхаҳои хаттии девони Анварӣ тайёр кардааст.
Хонандагони тоҷик бо Анварӣ ба воситаи сарсухани олими номвари тоҷик Р. Ҳодизода[3] ба намунаҳои ашъори Анварӣ ва мақолаҳои А. Абдуллоев[4] ва Ҷ. Азизқулов[5] ошноӣ доранд.
Аз гуфтаҳои тазкиранависон ва худи Анварӣ бармеояд, ки дар овони ҷавониаш дар мадрасаи Мансурияи Тӯс таҳсил намуда, ба омӯзиши илмҳои нуҷум, риёзӣ, мантиқ, ҳандаса, тиб, мусиқӣ машғул мешавад ва дар ин соҳаҳо чун олим ном мебарорад.
Инро аз байти зер мушоҳида кардан мумкин аст:
Maнтиқу мусиқиву ҳайат бидонам андаке,
Ростӣ бояд бигӯям, бонасибу вофирам[6].
Аммо ин ҳама кӯшишу ғайрати Анварӣ дар илмомузӣ фоидае намебахшад:
Хондам басе улум, валекин ба оқибат,
Илмам вубол шуд, ки фалак нест ёварам.
Тахаллуси адабии шоир, чи навъе ки меоваранд, аввалҳо Ховарӣ буда, сипас бо хоҳиши устодаш – Аммора лақаби Анвариро ихтиёр кардааст. Дар ин бора худи шоир ишора кардааст:
Доданд меҳтарон лақабам Анвариву лек,
Чархам нигар чӣ хонад хоқони рӯзгор?!
Шарҳи ҳоли Анварӣ чандон равшан нест, вале баъзе лаҳзаҳои ҳаёти ӯро аз рӯи чанд нақлу ривоятҳои мавҷуда донистан мумкин аст.
Дар бораи чӣ гуна ба дарбори Султон Санҷар кашида шудани Анварӣ ривояте ҳаст, ки гӯё рӯзе шоир дар назди дари мадрасаи Мансурияи Тӯс менишаст. Марде муҳташам бо карру фарри зиёд савори асп дар иҳотаи ғуломон гузашт. Анварӣ кӣ будани ӯро пурсид. Мегӯянд, ки вай шоири дарбори Султон Санҷар – амир Муизӣ аст. Анварӣ дар тааҷҷуб монда ва худ ба худ мегӯяд:
– Аҷабо, шеваи шоирӣ ба ин пастиву ин шахс чунин муҳташам ва пояи илм бад-ин баландию ман чунин фақир.
Қарор медиҳад, ки ӯ ҳам минбаъд ба шоирӣ машғул мешавад ва ҳамон шаб қасидаеро бо матлаи:
Гар дилу даст баҳру кон бошад,
Дилу дасти Худойгон бошад, –
навишта, пагоҳӣ онро ба Султон Санҷар мебарад. Санҷар, ки марди суханшиносе буд, аз шунидани ин қасида ниҳоят хурсанд мешавад. Анвариро инъоми бисёр медиҳад ва яке аз мулозимони даргоҳи худ мехонад.
Аксари тазкиранависон ин ҳолро оғози шоирии Анварӣ пиндошта, қасидаи мазкурро шеъри аввалини шоир ҳисобидаанд. Дуруст аст, ки Анварӣ дар аввали ҳол ба омӯхтани илмҳои гуногуни замони худ машғул шуда буд. Лекин чунин ақида, ки гуё Анварӣ пеш аз қасидаи «Гар дилу даст баҳру кон бошад», шеъре нагуфтааст, чандон қобили қабул нест, зеро дар худи ҳамон қасида мисраъҳои:
Хусраво, бандаро чу даҳ сол аст,
Ки ҳаме орзуи он бошад,
К-аз надимони маҷлис ар нашавад,
Аз муқимони остон бошад!
-ро мехонем.
Донишманди маъруфи Эрон доктор Мударриси Разавӣ низ ба эътибори байти боло қайд мекунад, ки Анварӣ ҳанӯз пеш аз ба дарбор омадан шеър гуфта, орзуи маҷлиси султон доштааст.
Ривояти дигаре, ки ба зиндагии дарбории ӯ вобаста аст, ғалат баромадани пешгӯии Анварӣ аст, ки он гӯё сабаби дар пиронсолӣ ба нокомию озурдахотирӣ дучор гардидани шоир шуда бошад.
Ба гуфтаи тазкиранависон Анварӣ гӯё соли 582-юми ҳиҷрӣ ҳукм мекунад, ки ба иллати вазидани боди cахт биноҳо хароб ва дарахтон peшакан мешаванд. Мардум аз ин тарсида, таҳхонаҳо кофта, дар он худро паноҳ мебаранд. Иттифоқан, дар рӯзи ҳукм чандон шамоле ҳам навазид, ки чароғи болои манорро хомӯш кунад. Султон Санчар Анвариро наздаш хонду гуфт:
– Чаро ҳукми ғалат кардӣ?
Анварӣ узр хосту ҷавоб дод:
– Ин ҳукми ман батадриҷист, якбора ба вуҷуд намеояд. Он сол ғаллаи мардум аз набудани бод набезида монданд.
Баъди ин ҳодиса Анварӣ аз тарси шоҳ тарки Марв кард, ба Балх рӯ оварад, он ҷо ба омӯзиши нуҷум машғул шуд. Ин ҳол сабаби аз дарбор pафтани Анварӣ гардид.
Ба ақидаи баъзе муаллифон, ин пешгӯии ғалати Анварӣ набуда, Абулфазли Хозмӣ ном мунаҷҷими Бағдодӣ бошад. Аммо порае аз шеъри поён:
Мегуфт Анварӣ, ки дар ин сол бодҳо
Чандон вазад, ки кӯҳ биҷунбад, ту бингарӣ.
Бигзашт солу барг, наҷунбид аз дарахт,
Ё мурсилу-р-риёҳ,[7] ту дониву Анварӣ, –
ба Анварӣ мансуб будани ин пешгӯиро тасдиқ мекунад.
Дар бораи лаҳзаҳои ҳаёти Анварӣ чунин ривоятҳо вуҷуд доранд, чунончи: шеърдуздии Муизиро фош кардани Анварӣ дар ҳузури Султон Санҷар, дар муҳосираи қалъаи Ҳазорасп иштирок кардани вай ва монанди инҳо. Ба воситаи онҳо метавон бо баъзе маълумотҳо аз тарҷумаи ҳоли шоир шинос шуд.
Солҳои охири ҳаёти Анварӣ чандон хуш намегузарад. Шоир, ки «муддати сӣ сол шеъри ботил гуфту» шоҳу вазиронро мадҳ кард, дар охир аз ин кори худ пушаймон шуда, ҳатто рӯҳан азоб мекашад:
Чу дар мадеҳи амиру вазир умр гузашт,
Чӣ суд хондани ахбори булғаву[8] мунтақ?[9]…
Яке ҷаридаи аъмоли худ накардам кашф,
Ҳазор касро кардам ба мадҳ мустағрақ[10].
Кунун, ки узри гуноҳони хештан хонам,
Зи шарм хун равадам бар бадан ба ҷои aрақ.
Ишораи баъзе муаллифон оид ба он ки Анварӣ дар охири умр аз ҳаёти дарбор ва мадҳу сано дилгир шуда, гӯшанишинӣ ва зиндагии оромонае сохтааст, ба ҳақиқат наздик аст. Оид ба соли фавташ ҳам ақидаҳо мухталифанд. Аксари тазкиранависон соли вафоти шоирро 585-587-уми ҳиҷрӣ медонанд.
Шоир мероси адабии зиёде боқӣ гузоштааст, ки он зиёда аз 200 қасида, қариб 500 қитъа, 322 ғазал ва 444 рубоиро дар бар мегирад, ки намунае аз онҳо дар журнали «Садои Шарқ» (1962, №3) чоп шудаанд. Дар тазкираи «Райҳонату-л-адаб»-и Муҳаммад Алии Табрезӣ қайд шудааст, ки «Анварӣ дар нуҷуму ҳайат ваҳиди асри худ буда ва китоби «ал-Башорат фӣ шарҳу-л-ишорат» аз ӯст ва рисолае ҳам дар арӯзу қавофӣ дорад». Муҳаммад Алии Табрезӣ маъхази ақидаи худро нишон надодааст. Аз эҳтимол дур нест, ки Анварӣ дар илми ахтаршиносӣ, ки ӯ худ мутахассиси ин соҳа буд, китобе навишта бошад. Ғайр аз ин, як маснавии дигар доштани Анвариро Мударриси Разавӣ қайд кардааст: «Дар маҷмӯае, ки фарзанди марҳум Мулло Муҳсини Файз фароҳам карда ва аз маснавиёти бист нафаp аз шуаро ва ҳукамо мунтахаб намуда, интихобе ҳам аз маснавиёти ҳаким Анварӣ дар он маҷмӯа оварда… маълум мешавад, ки Анвариро илова бар девони шеърӣ асари дигаре дар маснавӣ буда, ки аз миён рафта… чанд байте ибтидои он (яъне маснавӣ – А. С.) ин аст:
Дило, парда бардор аз рӯи кор,
Ба мастӣ бидар пардаи рӯзгор!
Ба мастӣ чу гул чок зан пераҳан,
Ки натвон задан дасту по дар кафан…
Чи навъе ки маълум аст, Анварӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс чун устоди қасида эътироф гардидааст. Ӯ ин навъи шеърро чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз ҷиҳати маънӣ ба дараҷаи олӣ расонидааст. Аз ин рӯ, бесабаб нест, ки ӯро дар назми классикӣ яке аз пайғамбарон мешуморанд:
Дар шеър се тан паямбаронанд,
Қавлест, ки ҷумлагӣ бар онанд.
Фирдавсиву Анвариву Саъдӣ,
Ҳарчанд ки «ло набия баъдӣ».
Анварӣ дар қасидаҳояш як қатор фикрҳои муҳиммеро оид ба ин ва ё он масъала баён кардааст, ки аҳаммияти калон доранд. Гарчанде Анварӣ бисёр соли ҳаёти худро дар муҳити дарбор гузаронида бошад ҳам, дар натиҷаи бахиливу ҳасад ва нотавонбинии баъзе дарбориён ҳамеша ба муҳтоҷӣ рӯз бурда, аз ин гуна ҳаёт шикоят мекард ва дар қасидае чунин гуфтааст:
Бӯе набарам ҳаме зи шодӣ,
Боз ин чӣ гилему ин чӣ ранг аст.
Зери қадамам ҳамеша гӯӣ,
К-аз зилзила хок бедаранг аст.
Қасидаҳои Анварӣ хусусиятҳои ба худ хос доранд. Яке аз ҷиҳатҳои онҳо ба кор бурдани ибораҳои зиёди илмӣ-фалсафӣ зимни мадҳи мамдӯҳ аст, ки сабаби мушкилфаҳмии шеъри Анварӣ гардидааст. Ҳамин эҳтиёҷ буд, ки баъдҳо се шарҳи мушкилоти девони Анварӣ таълиф ёфтанд. Лекин баъзе тағаззулоти Анварӣ содаву равонанд. Дар онҳо манзараҳои зебои табиат ва муносибати ошиқу маъшуқ, шикоят аз ҷабру ҷафои ёр, бедодгарии замона барин воқеаҳои реалӣ басо дилкаш тасвир шудаанд. Чунончи, ин баҳорияро аз қасидаи шоир хонем:
Рӯзи айшу тараби бӯстон аст,
Рӯзи бозори гулу райҳон аст.
Тӯдаи хок абиромез аст,
Домани бод абирафшон аст
В-аз мулоқоти сабо рӯи адир,
Рост чун ожадаи сӯҳон аст.
Лола бар шохи зумуррад бар мисл,
Қадаҳе аз шабаҳу марҷон аст…
Дар қасидасароӣ нуктаи аз ҳама муҳимм, ки ба он шоир бояд диққати хос диҳад, ҳусни тахаллус (байти гурез ҳам мегӯянд) мебошад. На ҳама шоирони қасидасаро тағаззул ва қисми мадҳро бомуваффақият ба ҳам алоқаманд кардаанд. Анварӣ дар ин нуктаи борик ҳунарнамоӣ карда, аз шоирони муосири худ Рашиди Ватвот, Азрақӣ, Саид Ҳасани Ғазнавӣ, Абулвосеъи Ҷабалӣ ва дигарон пеш гузаштааст.
Дигар ин ки қариб 110 қасидаи Анварӣ бе ташбибу насиб – бевосита бо мадҳи мамдӯҳ оғоз мешаванд. Баъзан дар қисми мадеҳаҳои шоир чунин ҳолатҳоеро низ пай бурдан мумкин аст, ки дар онҳо мадҳи мамдӯҳ на аз тарафи муаллиф, балки аз забони маъшуқ гуфта шудаанд. Бо ин ҳама тағаззулҳое ҳам дорад, ки дар васфи ишқу муҳаббат, зебоии ёр ва тасвири ҳоли худ гуфта шудаанд.
Корбурди ибораву мисраъҳои арабиро, ки оини шуарои пешгузашта буд, дар ашъори Анварӣ ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Вале онҳоро шоир тавре истифода бурдааст, ки хонанда зимни мутолиа чандон гаронӣ ҳис намекунад.
Faйр аз ин, Анварӣ дар бисёр мадҳияҳои худ чанд байти қасидаро, ки дар мадҳи ин ва ё он шахс гуфта шудаанд, дар қасидаи дигар чун тазмин овардааст. Такрори байт ва мисраъҳо низ дар қасоидаш ниҳоят бисёранд:
Ва гар ман бандаро ҳирмони ман дошт,
Ду рӯз аз хизматат маҳзуру музтар.
Ин байт дар қасидаи дигар низ омадааст:
Агар ман, бандаро ҳирмон хамедошт,
Ду рӯз аз хизматат маҳруму маҳҷур.
Ба кафе барбату ба дигар ҷом.
ё:
Тахти хуршед бар сари зарғом[11].
барин мисраъҳоро айнан дар мадҳияи дигари шоир пайдо кардан мумкин аст. Ин гуна такрори байту мисраъҳо ба қитъаҳои Анварӣ ҳам хосанд.
Қитьа низ дар эҷодиёти шоир мақоми махсусе дорад, ки ба воситаи он шеър як қатор ақидаҳои илмӣ, иҷтимоӣ ва панду ахлоқӣ ифода ёфтаанд. Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки шоир дар қитъаҳояш тасвир менамояд, панду андарзҳои ӯст, ки ин хусусият дар қасидаҳояш мавҷуд ба назар намерасад. Панду aхлоқи қитъаҳои Анварӣ дар мавриди қаноату зиндагӣ:
Эй нафс, ба растаи қаноат бош,
К-он ҷо ҳама чиз неку арзон аст!
То битвонӣ, ҳазар кун аз миннат,
К-ин миннати халқ коҳиши ҷон аст!
– дӯстро азиз донистан:
Марг ҳарчанд хуш набошад, лек
Бе рухи дӯстон хушам бошад
ва ғайра хеле ҷолибанд.
Анварӣ ҳаҷвиёту ҳазлиёт низ дорад, ки дар мазаммати шахсони алоҳида, рақибон ва табибони беҳунар навишта шудаанд.
Аз ҷиҳати содагиву равонӣ дар эҷодиёти Анварӣ ғазал мақоми махсус дорад. Анварӣ дар ғазалсароӣ аз шоиронест, ки ин шакли шеъриро пеш аз Саъдӣ ба як қолаби муайян ва ба марҳилаи камол расонидааст. Сабаби равону латиф ва дилчасп баромадани ғазалҳои шоир дар он аст, ки ӯ чунин жанри адабиро пайваста бо мусиқӣ (Анварӣ мусиқишинос ҳам буд) ва дар вазнҳои сабуке, ки ба оҳанг даровардани онҳо осон аст, эҷод кардааст.
Эй мардумон, бигӯед, ороми ҷони ман ку?
Роҳафтазои ҳар кас, меҳнатрасони ман ку?
Номаш ҳаме наёрам, бурдан ба пеши ҳар кас,
Гаҳ-гаҳ ба ноз гӯям: сарви равони ман ку?
Дар бӯстони шодӣ ҳар кас ба чидани гул,
Он гул, ки нашканандаш, дар бӯстони ман ку?
Ҷонони ман сафар кард, бо ӯ бирафт ҷонам,
Боз омадан аз эшон, пайдост они ман ку?
Ҳарчанд дар камина нома ҳаме наярзад,
Дар номаи бузургон, з-ӯ достони ман ку?
Ҳар кас ба хонумоне доранд меҳрубоне
Maн меҳрубон надорам, номеҳрубони ман ку?
Дигар ин ки Анварӣ aз шоиронест, ки дар охири ғазал лақаби худро дохил намудааст. Аз 322 ғaзал 122-тоаш лақаби Анвариро дошта, ки аксари онҳо чун нидову хитоб омадаанд.
Рубоиёти шоир ҳам бо содагию равонӣ суруда шуда, ишқу муҳаббат, васфи маю соқӣ, шикояти бераҳмии ёр барин мавзуъҳоро дар бар мегиранд.
Аз ин гуна шиносоии умумӣ бо фаъолияти адабии Анварӣ бармеояд, ки эҷодиёти шоир доманадор аст ва на танҳо аз мадҳияҳои мушкилфаҳми дорои истилоҳоти илмӣ, балки аз ташбибу қитъа ва ғазалиёту рубоиёти равону латифи шоёни таваҷҷуҳе низ иборат аст, ки омӯзиши онҳо аз аҳаммият холӣ нест.
Манбаъ:
Т. Самадов. Мактаби советӣ, 1970, №10
Порча аз қасидаи “Ашкҳои Хуросон”
Ба Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди саҳар,
Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар!
Номае, матлаи он ранҷи тану офати ҷон,
Номае, мақтаи он дарди дилу сӯзи ҷигар.
Номае, бар рақамаш оҳи азизон пайдо,
Номае, дар шиканаш хуни шаҳидон музмар.
Нақши таҳрир-ш аз синаи мазлумон хушк,
Сатри унвон-ш аз дидаи маҳрумон тар.
Реш гардад мамари1 савт аз ӯ гоҳи симоъ,
Хун шавад мардумаки дида аз ӯ вақти назар.
Tо кунун ҳоли Хуросону раоё будаст,
Бар Худованди ҷаҳон – Хоқон пӯшида магар?
Не, набудаст, ки пӯшида набошад бар вай,
Заррае неку бади нӯҳ фалаку ҳафт axтар.
Корҳо баста бувад бешак дарвақту кунун,
Вақти он аст, ки ронад суи Эрон лашкар.
Хусрави одил, ҳоқони муаззам, к-аз ҷад(д)
Подшоҳ асту ҷаҳондор ба ҳафтод падар.
Доимаш фахр ба он аст, ки дар пеши мулук
Писараш хондӣ султони салотин Caнҷар.
Боз хоҳад зи ғузон кина, ки воҷиб бошад,
Хостани кини падар бар писари хубсияр.
Чун шуд аз адлаш сар то сари Тӯрон обод,
Кай раво дорад Эронро вайрон яксар?
Эй каюмарсбақо, подшаҳи кисроадл
В-эй манучеҳрлиқо, хусрави афредунфар!
Намунаи ғазалиёт
Ошиқӣ чист? Мубтало будан,
Бо ғаму меҳнат ошно будан.
Сипари ханҷари бало гаштан,
Ҳадафи новаки қазо будан.
Банди маъшуқ чун бибастат пой,
Аз ҳама бандҳо ҷудо будан.
Зери бори балои ӯ ҳама умр,
Чун сари зулфи ӯ дуто будан.
Офтоби рухаш чу рух бинмуд,
Пеши ӯ зарраи ҳаво будан.
Ба ҳама меҳнате ризо додан
В-аз ҳама давлате ҷудо будан.
Гар лагадкӯби сад ҷафо бошӣ,
Ҳамчунон бар сари вафо будан.
Ишқ агар устухонат ос кунад,
Санги зерини осиё будан.
Намунаи Муқаттаот
Рӯзро ройгон зи даст мадеҳ,
Нест имкони он ки боз расад.
Дасти ин рӯзҳо, ки кӯтоҳ аст,
Ки бад-он давлати дароз расад!
***
Ба Худое, ки бе шиноси муқим
Дар дилу дида оташам бошад.
Мapг ҳaрчанд хуш набошад, лек
Бе рухи дӯстон хушам бошад.
***
Эй нафс, ба растаи қаноат бош,
К-он ҷо ҳама чиз неку арзон аст!
То битвонӣ, ҳазар кун аз миннат,
К-ин миннати халқ коҳиши ҷон аст!
***
Бартарин моя мардро ақл аст,
Беҳтарин поя мардро тақвист.
Бар ҷамодоти фазли одамиён
Ҳеҷ берун аз ин ду маънӣ нест.
Чун аз ин ду мард холӣ монд,
Одамиву баҳима ҳар ду якест…
Намунаи рубоиёт
Он дил, ки ту дидаӣ, фигор аст ҳанӯз,
К-аз ишқи ту бо нолаи зор аст ҳанӯз
В-он оташи дил бар сари кор аст ҳанӯз
В-он оби ду дида барқарор аст ҳанӯз.
***
Чашмам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,
Бар чеҳра ҳазор гул зи розам бишкуфт.
Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нуҳуфт,
Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.
***
Ҳар лаҳза, ки аз ҷамолат ояд ёдам,
Aз чархи кабуд бигзарад фарёдам
В-ар з-он ки ба ҷои об оташ борад,
Ман хок шавам, то ба ту орад бодам.
***
Як шаб маҳи гардун ба рухат менигарид
В-аз ашк зи дида хуни дил меборид.
Як қатра аз он бар рухи зебот чакид
В-он хол бад он хушӣ аз он гашт падид.
***
Ҳар тирашабе, ки раҳ ба рӯзе набарад,
Гардун ба ҳисоби умри ман баршумарад.
Бо ин ҳама мотами фироқаш дорад,
Гарчи ба ҳазор
гуна меҳнат гузарад.
[1] B. А. Жуковский. Али Аухадэдинь Энвери. Материалы для его биографии и характеристики. – Петербургъ, 1883.
[2] Девони Анварӣ. (Иборат аз ду ҷилд). Ҷилди аввал: қасоид, ҷилди дуюм; муқаттаот, ғазалиёт, рубоиёт / Бо эҳтимоми Муҳаммадтақӣ Мударриси Разавӣ. – Теҳрон, 1337-1340.
[3] Аз муқаттаот, ғазалиёт ва рубоиёти Анварӣ / Ба чоп ҳозиркунанда Р. Ҳодизода // Садои Шарқ. – 1962. – №3.
[4] А. Абдуллоев. Суханвари Ховаронӣ // Маориф ва маданият. – 12-уми июли соли 1966.
[5] Ҷ. Азизқулов. Aнварӣ // Ҳақиқати Ӯзбекистон. – 17-уми феврали соли 1968.
[6] Вофир – бисёр, фаровон.
[7] Мурсилу-р-риёҳ – фиристонандаи шамол
[8] Булға – кифоят
[9] Мунтақ – нутқ
[10] Мустағрақ – ғарқшуда, саргарми тамом ба коре
[11] Зарғом – шер
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ