Дар Хатлон беш аз 2400 оила ҷудо шуданд

Соли 2020 дар вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазору 400 оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2019-ум ин рақам ба 2 ҳазору 640 ҳолат баробар буд.

Абдусаттор Ҳакимзода, мутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон имрӯз 03 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҷудошавии оилаҳо назар ба солҳои пеш кам шудааст. Зикр гардид, ки соли 2020 дар вилояти Хатлон мутаассифона, 2 ҳазору 414 оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Вале назар ба соли 2019-ум 226 ҷудошавии оилаҳо кам мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки давоми соли 2020 никоҳи даҳ шаҳрванди хориҷӣ бо сокинони вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Машраби Аловиддин  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *