Ҳазлҳои солинавӣ

Туҳфа

— Ана ба ту туҳфаи солинавӣ,- мегӯяд падар ба писараш сеторро дароз карда.

— Раҳмат,- қаноатмандона мегӯяд писар,- дадаҷон, истед, ки барои чӣ торҳояш нест?

Падар дар ҷавоб:

— Ҳама кор якбора намешавад-да бачем, аввал ту навохтанашро ёд гир, баъд торҳояшро мехарем.

Посух

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Дилшод, ту инсоф надорӣ магар? Дар шаби Соли нав ба қаҳвахона рафта, дигар наомадӣ, ман тамоми шаб хоб нарафтам.

Шавҳар дар ҷавоб:

— Чӣ, ту фикр мекунӣ, ки ман хоб рафтаам?

Лӯла

Тарабхона. Соли нав. Шаб аз нисф гузаштааст. Марде пешхизматро даъват карда, мегӯяд:

— Пешхизмат, ин чӣ хел сихкабоб аст, ки ту барои ман овардӣ!? Ним соат мешавад, ки ман онро бо корд бурида наметавонам.

Пешхизмат дар ҷавоб:

— Акоҷон, шумо шитоб накунед, имшаб мо тарабхонаро соати 7-и саҳар маҳкам мекунем.

Ваъда

Марде ба рафиқаш мегӯяд:

— Умед, барои чӣ ҳар боре, ки қадаҳро нӯшиданӣ шавӣ, чашмонатро мепӯшӣ?

Умед дар ҷавоб:

— Ҷӯраҷон, ман ба занам ваъда дода будам, ки дар Соли нав ба қадаҳ ҳатто нигоҳ намекунам.

Истиқбол

Рӯзи 1-уми январ падар ба писар занг мезанад:

— Писарам, Соли навро чӣ хел истиқбол гирифтӣ?

Посухи писар:

— Ман онро истиқбол нагирифтам. Вай худаш омад.

Арӯс

Марде аз дӯсташ маслиҳат мепурсад:

— Ду арӯс дорам, намедонам аз онҳо кадомашро интихоб кунам.

Дӯсташ мегӯяд:

— Ба қалбат гӯш кун, қалбат чӣ мегӯяд?

Мард дар ҷавоб:

— Қалбам мегӯяд, ки занат фаҳмад, туро мекушад!

Нақд

Бемор ба духтур:

— Духтурҷон, намедонам хубиҳои шуморо чӣ гуна баргардонам.

Духтур:

— Агар нақд бошад, беҳтар.

Ҷавонӣ

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Дар ҷавонӣ аҳмақ будаам, ки барои зани шумо шудан розӣ шудам.

Шавҳар мегӯяд:

— Занак, ҳоло ҳам ҷавон менамоӣ…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *