«Ҳикматсарои зиндагӣ» нашр шуд

Нахустин маҷмӯаи тарҷумаҳои журналист ва тарҷумон Шарофат Абдулвоҳидова бо номи «Ҳикматсарои зиндагӣ» дар нашриёти «Эр-Граф» аз чоп баромад.

Дар маҷмӯаи мазкур тарҷумаҳое гирд оварда шудаанд, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» рӯйи чоп омадаанд. Ҳамаи ҳикояҳои тарҷумашуда аз осори нависандагони машҳури ҷаҳон, ба монанди О. Генри, Ги де Мопассан, А. Чехов ва аз китоби «Масалҳои Чини қадим» интихоб шудаанд.

Тарҷумон дар «Ҳикматсарои зиндагӣ» чил ҳикояи хурдро ҷой додааст, ки ҳар кадом хонандаро ба некӣ кардану аз бадӣ дур будан, ноумед нашудану дилеро нашикастан, ҳақро гуфтану ба ноҳақӣ хомӯш намондан, роҳи ростро интихоб кардану аз дурӯғу фиреб ҳазар намудан талқин мекунанд.

Дар умум, китоб фарогири ҳикояҳое мебошад, ки моҳиятан ба ҳар кадоми мо модаронамон қисса мекунанд ва инро ба назар гирифта, тарҷумон онро ба модараш Марҳабо Абдулвоҳидова бахшидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *