Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар «CAFA Futsal Cup-2023» иштирок мекунад

Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» байни дастаҳои миллии футзал баргузор мешавад.

Бозиҳо аз 23 то 30-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Барои дарёфти унвони пурқувваттарин мунтахаби минтақа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон мубориза мебаранд.

Дар доираи Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор гардида, дар он ҳар як даста бо ҳамдигар якбозигӣ анҷом медиҳанд.

Барои тими миллии Тоҷикистон ширкат дар Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» марҳилаи омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба ҳисоб меравад, ки аз 7 то 11-ми октябр дар Душанбе баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии Осиё мунтахабҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *