Ҳисор: Қосим Раҳбар волидайни сарбозонро ба дидори онҳо гусел кард
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор волидайни сарбозоне, ки фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон адои хизмат мекунанд, бо онҳо дидор намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳри Ҳисор, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар волидайни сарбозонро қабл аз сафар дар назди бинои мақомот пазироӣ карда, барояшон роҳи сафед орзу намудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳайат бо туҳфаю дастовез вориди қисмҳои ҳарбӣ гардида, чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ доир намуда, қисмҳои ҳарбӣ бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қадрдонӣ гардидаанд.
— Волидайн бо шароити будубош, ошхонаю утоқҳои таълимӣ шинос гардида, бо хушҳоливу қаноатмандӣ ба роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ изҳори сипос карданд. Зимни суҳбат бо сарбозон аён гардид, ки сарбозони қисмҳои ҳарбӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар тан либоси ҳарбӣ намуда, баҳри ҳифзи сарҳади давлатӣ ва нигоҳдории амнияти сартосарӣ адои хизмати ҳарбиро анҷом дода истодаанд. Иқдоми мазкур дар дигар қисмҳои ҳарбӣ низ идома дода мешавад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ