Рақибон маълум шуданд. «Ҳосилот» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2022 омодагӣ мебинад

Дар Қароргоҳи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳузури 8 дастаи иштирокчӣ маросими қуръакашӣ ва тақвимии бозиҳои Ҷоми ФФТ-2022 барои марҳилаи ниҳоӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дастаи «Ҳосилот”, пеш аз оғози маросими қуръакашӣ ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов дастаҳоеро, ки ба ин марҳила роҳ ёфтанд, табрику таҳният намуда, ба онҳо барору комёбиҳои беназир орзу кардаву иброз доштааст: “Итминони комил дорем, ки тимҳои иштирокчӣ бо интизоми хуби варзишӣ аз худ ҳунари арзанда нишон дода, бо бозигузориҳои шоистаи худ ба мусобиқа шукуҳу шаҳомати хоса мебахшанд”.

Гуфта мешавад, ки Сайвалӣ Шоқурбонов — директори Лигаи миллии футболи Тоҷикистон намояндагони дастаҳоро бо тартибу низоми мусобиқаи болозикр шинос намуд. Мавсуф дар идомаи суханронии худ иброз намудааст, ки барои баргузории мусобиқа аз ҷониби шахсони масъул шароитҳои созгори варзишӣ муҳайё гардидаанд.

— Сипас маросими қуръакашӣ доир шуд, ки дастаҳо ба ду гуруҳ ҷудо гардиданд. Дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ба гуруҳи (А) шомил гардид, ки дар ин гуруҳ дастаҳои КМВА «Артиш»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Регар-ТАДАЗ»-и шаҳри Турсунзода ҳамроҳ мебошанд. Дар гуруҳи (Б) дастаҳои «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен шомиланд,- меафзояд манбаъ.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2022 аз 16-ум то 26-уми феврал идома ёфта, ҳамаи рақобатҳо дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *