Ҳоҷӣ Маҳмуд ба муҳтоҷон хона дод

Фарзандони Ситора Сафарова, ки чанде пеш тариқи “Тоҷикистон” аз Рустами Эмомалӣ хоҳиш карда буд, ки “Маро ба фарзандонам бипайвандед!” санаи 5 январ ба Тоҷикистон оварда шуданд…

Сарнавишти Ситора
Бино ба нақли Ситора ӯро 8 сол пеш шавҳараш бо панҷ фарзанди хурдсол партофта рафтааст. Ӯ маҷбур мешавад, ки дар хобгоҳи бешароиту фарсуда иҷоранишин шавад. Моҳи июли соли 2019 ҳамроҳи фарзандонаш тариқи автобус ба Русия меравад, аммо моҳи феврали соли 2020, фарзандони ноболиғашро дар Русия гузошта, бо сабаби беморӣ ба Тоҷикистон меояд. Баъди баста шудани роҳҳо ба самти Русия Ситора ҳамроҳи як писараш дар Тоҷикистон мемонад. Ӯ ба воситаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” илтимосу илтиҷо карда буд, ки ӯро ба фарзандони ноболиғаш бирасонанд, чун онҳо дар мулки ғариб бесаробонанд.

Ҳоҷӣ Маҳмуд калиди хонаро ба оилаи маъюб супорид (видео)

Кумаки муҳоҷирон
Ниҳоят, рӯзи 5-уми январ бо дастгирии муҳоҷирон ва шахсони саховатманд се писари Ситора Сафарова, Абдураҳмони 16-сола, Бинёмини 13-сола ва Меҳроҷи 11-сола ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Онҳо тариқи хатсайри Новосибирск – Тошканд омаданд, аз он ҷо ба Хуҷанд ва баъдан, ба Душанбе расиданд.
Вақте мо хабарнигорони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба дидори фарзандони Ситора рафтем, онҳо дар канори модар хушҳолу хурсанд буданд. “Мо аз бародарони муҳоҷир, аз ҷумла Ҳоҷӣ Нусрат, Ҳоҷӣ Шараф, Шералӣ, намояндаи меҳнат меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ш. Новосибирск изҳори миннатдорӣ мекунем, ки ба мо кумак карданд” – мегӯянд онҳо.
Писарони Ситора мехоҳанд дар яке аз мактабҳои русии пойтахт таҳсили худро давом диҳанд ва дар оянда шахси маълумотдор шуда, ба оилаҳои муҳтоҷ кумак расонанд.

Ташаббуси Ҳоҷӣ Маҳмуд
Баъди пахши навори «Муҳоҷирон фарзанди Ситораро оварданд. Онҳо ҳоло дар хобгоҳанд”дар ютубканали рressa.tj, яке аз намояндагони соҳибкор Муродов Маҳмуд, машҳур бо номи Ҳоҷӣ Маҳмуд, ки дар соли 2020 5 оилаи муҳтоҷро соҳиби хона карда, “Соҳибкори сол” эътироф шуда буд, ба идораи мо тамос гирифт.
Маълум шуд, ки Ҳоҷӣ Маҳмуд пас аз тамошои навор дасти сахо ба ин оилаи муҳтоҷ дароз карданист. Ҳамин тавр, ӯ бо хабарнигори “Тоҷикистон” бо туҳфаҳои зиёд ба дидорбинии ин оилаи ниёзманд рафт ва пас аз мулоқот ба онҳо ваъда кард, ки барояшон хона медиҳад. Феълан, бо ташаббуси Ҳоҷӣ Маҳмуд то омода шудани манзили зист Ситора бо фарзандонаш аз хобгоҳи валангор ба манзили иҷора кӯчонида шуд ва дар наздиктарин фурсат ба хонаи нав мекӯчад.
Ҳамин тавр, пас аз нашри як мақола дар “Тоҷикистон” як оилаи пароканда пайванд ва соҳиби сарпаноҳ шуд.

Бахтовар Сафаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *