Ҳоҷӣ Маҳмуд калиди хонаро ба оилаи маъюб супорид (видео)

Маҳмудҷон Муродов, соҳибкори шинохтаи тоҷик дар арафаи Соли нав ба Қудратулло Иброҳимов, ки маъюб асту  дар хобгоҳ зиндагӣ дошт, хона туҳфа кард. Хонаи  Қудратулло аз ду ҳуҷраи 85 метри квадратӣ дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Дар оғоз Маҳмудҷон Муродов ҳамсару фарзандони Қудратуллоро ба мағозаи “Беби шоп” бурда, барояшон пойафзолу либосҳои гарми зимистона ва бозичаҳои рангоранг харидааст. Баъдан онҳоро бо карнаю сурнай ба макони нави зисташон бурда, калиди хонаи дуҳуҷрагиро барояшон тақдим намуд. Соҳибкор манзили нави Қудратулло бо қолину палос, мебели меҳмонхона, рахти хоб, кати дуқабатаи кӯдакона, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯйӣ ва дигар ҷиҳози рӯзгор пурра таъмин намудааст.

Қаблан “Оила” дар бораи Қудратулло Иброҳимов ва зиндагии вазнини ӯ, ки дар хобгоҳи маҳаллаи 46-уми пойтахт зиндагӣ дошт, видео-гузориш таҳия карда буд. Қудратулло  33-сол дошта, оиладор соҳиби ду фарзанд аст. Тавре “Оила” менависад: “Вай аз модар маъюб ба дунё омада, аз ду даст ва як пой маҳрум аст. Вай ҳамагӣ як по дорад ва ҳамон як пояш ҳам солим нест. Худованд дар симои ҳамсараш Адиба фариштаинакӯкореро ба имдоди Қудратулло фиристодааст. Ин зани пуртоқат шавҳари бе дасту пояшро мисли кӯдаки навзод парасторӣ карда, дасту рӯяшро мешӯяд, оббозӣ медоронад, бо қошуқ ба даҳонаш хӯрок монда, чою об медиҳад, мехобонад ва бо ин ҳама ташвишҳо ҳамеша аз шавҳараш розӣ аст”.

Бо кӯмаки соҳибкори муваффақ ва хайрхоҳи тоҷик Маҳмудҷон Муродов мушкили ин оилаи ниёзманд ҳал шуд.

Маҳмудҷон Муродов, раиси ширкати сохтмонии “Сарманзил” буда, бештар дар маркази шаҳр ба бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна машғул аст. Ӯ моҳи майли соли равон низ  ба се нафар аз оилаҳои ятим, аз ҷумла  Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам дар бинои навбунёд воқеъ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур хона дода буд. Ин соҳибкор, ки миёни мардум бо номи Ҳоҷӣ Маҳмуд маъруф аст, дар арафаи идҳои Фитр ва Қурбон имсол ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *