Ҳоҷибоев дар қабули Сталин
25-уми апрел рӯзи милоди яке аз ходимони намоёни ҳизбию давлатӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абдураҳим Ҳоҷибоев (1900-1938) мебошад.
Номбурда аз зумраи сиёсатмадороне буд, ки солҳои 20-30-юми асри ХХ дониш ва нерӯяшро барои бунёди давлати миллии тоҷикон сарф кард.
Саҳми Абдураҳим Ҳоҷибоев дар таъсиси давлати миллии тоҷикон хеле калон аст. Номбурда дар солҳои 1924-1929 дар ҷараёни тақсимоти миллию ҳудудӣ иштирок намуда, саҳмаш дар баргардонидани шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон хеле калон аст.
Аз байни роҳбарони солҳои 20-уми асри ХХ ягона шахсе буд, ки ба масъалаи таъсиси давлати тоҷик камари ҷиддӣ баст.
30-юми майи соли 1929 фарзандони барӯманди халқи тоҷик бо роҳбарии раиси Совети Комиссарони халқии РАСС Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Советӣ ба шаҳри Маскав сафар намуда, ба қабули котиби КМ ВКП(б) Иосиф Виссарионович Сталин медароянд. Дар он сафар ӯро Абдуқодир Муҳиддинов, Қосим Дайламӣ, Саидаҳмад Анваров, Нисор Муҳаммад, Аббос Алиев, Муъмин Хоҷаев, Бобохон Ҳамдамов ҳамроҳӣ намуданд.
Абдураҳим Ҳоҷибоев 1-уми июни ҳамон сол ҳангоми суҳбат бо И. В. Сталин тақсимоти ҳудудии байни ҶМШС Тоҷикистон ва ҶШС Ӯзбекистонро ба миён гузошта, дар ҷаласа вобаста ба ин масъала суханронӣ намуда, чунин пешниҳод кард: «Рафиқ Сталин! Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна буда, дорои таърих ва фарҳанги қадимаанд. Миллионҳо ҳамзабони мо дар Афғонистон, Ҳиндустон, Эрону Хитойи Ғарбӣ зиндагӣ доранд. Хоҳишмандем, пешниҳоди моро баҳри аз нав дида баромадани тақсимоти миллии ҳудудӣ қабул намоед».
Дар ҷаласа пантуркистон зиддият нишон дода, барои аз даст надодани округи Хуҷанд эътироз намуданд. Дар чунин вазъият Ҳоҷибоев ва ҳамфикронаш ба хотири дифоъ аз манфиатҳои мардуми тоҷик як силсила иқдомоти ҷасуронаро амалӣ карданд.
Хидмати Абдураҳим Ҳоҷибоев дар таъсиси аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо, бахусус «Овози тоҷик», «Бедори тоҷик», донишкадаву донишгоҳҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва тараққиёти соҳаи кишоварзӣ хеле калон аст. Ӯ муаллифи китоби «Тоҷикистон» мебошад.
Шахсиятҳои зиёде бар курсии роҳбарӣ менишинанду мераванд. Аммо ба кам касон муяссар мешавад, ки аз худ номи неку осори нек ба ёдгор бигузоранд. Бо рафтори хирандмандонаву фарҳангпарваронаи худ номашонро дар ҳофизаи таърих барои ҳамешагӣ бо ҳуруфи заррин сабт намудаанд, ки Абдураҳим Ҳоҷибоев аз ҳамин зумра аст.
Ҳангоме ки аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе мегузарам, нигоҳам бар он меафтад, ки номи бисёре аз арбобони илму фарҳанг, ходимони ҷамъиятӣ, шоирон, нависандагон ба кӯча, хиёбонҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва олии шаҳри Душанбе гузошта шудааст. Аммо ба номи яке аз фарзонафарзандони Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев дар ягон ҷои шаҳри Душанбе кӯча ва ё хиёбон гузошта нашудааст. Дар ҷаласаи тақсимоти миллӣ — ҳудудии Осиёи Миёна соли 1924 Абдураҳим Ҳоҷибоев пешниҳод намуда буд, ки шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон интихоб карда шавад ва дар таъсис ва рушди Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон саҳми Абдураҳим Ҳоҷибоев хеле назаррас аст. Дар қатори хидматҳои арзандаи Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ, аз ҷумла дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” хидматҳои шоистаи Абдураҳим Ҳоҷибоевро низ ёдоварӣ кардаанд. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки яке кӯчаҳои маркази шаҳри Душанбе ба номи Абдураҳим Ҳоҷибоев номгузорӣ карда шавад.
Бахтовар ТЕМИРЗОДА, муаррих
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ