Лоиқ Раҷабов боз набард мекунад, ҳарифаш маълум шуд

Размовари маъруфи тоҷик дар ММА Лоиқ Раҷабов дар лигаи UFC қувваозмоии навбатии худро бо варзишгари Лаҳистон Матеуш Ребекӣ баргузор мекунад. Мубориза 24-уми июн дар UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора гурӯҳи Sport in Tajikistan дар саҳифаи худ дар «Вконтакте» хабар додааст.

Ребекки 17 ғалаба ва 1 шикаст бо нокаут дорад. Вай низ мисли Лоиқ Раҷабов ба наздикӣ ба UFC ҳамроҳ шуд, қадами аввали ӯ моҳи январи соли 2023, вақте ки ӯ ҷавони амрикоӣ Ник Фиориро мағлуб кард, гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, набарде, ки дар чаҳорчӯби муқаддамотии UFC 285 дар Лас Вегас баргузор шуд, бо қарори доварон ба фоидаи Лоиқ Раҷабов анҷом ёфт. Рақиби ӯ варзишгари қаблан мағлубнашудаи Аргентина Эстебан Рибович буд.

Лоиқ Раҷабов дар нахустин муборизаи худ рекорди UFC гузошт. Ҷанговари тоҷик на танҳо аз рӯи холҳо ғолиб омад, балки рекорди тейкдаунро барои варзишгари навқадам гузошт: дар 3 раунд 11 маротиба ҳарифро ба замин зад.

Дар ҳоли ҳозир Раҷабов 17 ғалаба, 4 бохт ва як мусовӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *