Қаҳҳор Маҳкамов

Пешниҳод: Кӯчае ба номи Маҳкамов номгузорӣ шавад

16-уми апрел аввалин Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов зодрӯз дошт. Агар ӯ 8-уми июни соли 2016 вафот намекард, 91-сола мешуд.

Қаҳҳор Маҳкамов фаъолияти кориашро ба ҳайси усто дар кони ангишти Шӯроб оғоз карда, то ба симмати раиси идораи “Тоҷикангишт” сабзид. Соли 1963, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуд.

Қариб 20 сол дар ин вазифа кор кард, 3 сол дар мақоми сарвазир ва баъдан Котиби аввали Ҳизби коммунист фаъолият намуд. 9 моҳ президенти кишвар буд. Яъне номбурда қариб 30 сол дар сафи нухбагони аввали сиёсати Тоҷикистон қарор дошт. Бузургтарин иншооти саноатии Тоҷикистони имрӯз, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак ва корхонаи алюминсозии Турсунзода низ дар замоне сохта шуд, ки Маҳкамов роҳбари Госплан буд. Аз соли 2000-ум Маҳкамов узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.  

Яъне Қаҳҳор Маҳкамов барои Тоҷикистон хизмат кард ва месазад, ки номи ӯ пос дошта ва кӯча ё муассисае ба номаш гузошта шавад.

Қаҳҳор Маҳкамов ҳаммаҳаллаи мо буданд. Имрӯз 5 додарашон дар ҳаётанд ва умед доранд, ки дар шаҳри Хуҷанд кӯчае ба номи бародарашон гузошта мешавад. Мо ҳаммаҳаллагиҳо — аз маҳаллаи Шаршара 300 имзо ҷамъ карда, ба раисони шаҳру вилоят пешниҳод кардем, вале то ҳол посух нагирифтем. Умед дорем, ки барои абадӣ зинда гардонидани номи марҳум Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанду Душанбе кӯча ва ё муассисае ба номи эшон гузошта мешавад.

Абдуҷалил ФАЙЗАЛИЕВ, сокини шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *