сарбоз

Навори пурозор ва Артиши «беозор». Андешае дар мавриди як ҳолати таассуфовар

Ҳоло дар кишвари мо маъракаи даъват ба сафи Артиши миллӣ идома дорад. Муносибати мардум ба ин маърака гуногун аст. Яке онро “сарбозшикор”, дигаре “чӯҷабарак” ва ҳама дар якҷоягӣ “облава” мегӯянду… аз он мегурезанд. Чандин сол аст, ки чунин ҳолат идома дорад…

Наход як ё ду соли умри худро ба хизмати Ватан бахшидан ҳамин қадар душвор бошад? Бале, душвор ва он ҳам бо айби худамон душвортар мешавад. Бубинед, гӯё қасдан (ва шояд қасдан ҳам бошад) маҳз дар ҳамин давра дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ба чархиш даромад, ки дар он манзараи “мардаксозии” як гурӯҳ сарбозони “молодой” аз ҷониби сарбозони “старик” бо ҷузъиёташ тасвир гардидааст. Аллакай мардум андешаҳои худро нисбат ба ин навор дар шабакаҳои гуногуни худию бегона баён доштанд ва ҳоҷат ба такрори онҳо нест, аммо банда ин ҷо масъалаи дигарро ба миён гузоштанӣ ҳастам.

Насли ҷавон гумон дорад, ки дар гузашта чунин анъана набуду ин маҳсули даврони истиқлол аст. Ҳаргиз ин тавр нест ва дар давроне, ки Артиши миллӣ Армияи советӣ ном дошт, ”дедовшина” шояд аз ин ҳам бадтар буд ва инро метавонед аз онҳое, ки он замон хизмати ҳарбӣ карда буданд, пурсед. Аммо он вақт боз ҳам ҷавонон бо хурсандӣ ба хизмат мерафтанд ва бо сари баланд “мардак шуда” ба зодгоҳ бамегашанд. 

Парадокс? Бале, аммо парадокси шарҳдодашаванда. Ба замми ин, он замон тоҷикон дар артиш бо дигар миллатҳои шӯравӣ якҷоя хизмат мекарданд ва ба ҷуз “дедовшина” боз миллатгароӣ ва маҳалгароӣ дар байни миллатҳои калонтаре ба мисли русҳою “хохолҳо” (украинҳо) вуҷуд дошт. Пас, чаро он вақт мардум ба хизмат бо дилу ҷон набошад ҳам, бо дили пур ва танҳо бо як пора коғазе, ки “повестка” ном дошт, мерафтанду имрӯз саркашӣ мекунанд ва бо дидани як навори пурозор ихтиёриён ҳам аз хизмат даст кашидан мехоҳанд?

Пеш аз ҳама сабабгори асосии ин набудани ПРОПАГАНДАИ таъсиргузор ва ё ТАБЛИҒИ дуруст дар байни мардум ва навсарбозон аст. Алабатта, таблиғ вуҷуд дорад, аммо он таблиғи нокифоя ва сатҳӣ аст, ки зидди чунин наворҳои воқеӣ ва баёнгари ҳолати воқеӣ буда наметавонад. “Ҳой маҳмаддоно, ту чӣ гуфтанӣ, магар мо таблиғ надорем ва наметавонем садди роҳи таблиғи зиддиартиш шавем?”,-мегӯянд ба ман онҳое, ки масъули таблиғоти меҳанпарастӣ ва ба қавле “патриотизм” ҳастанд. Бо дили пур мегӯям: Наметавонед! Зеро таблиғ ҳам қоидаҳои худро дорад ва то замоне, ки қоидаҳои онро ба таври пурра наомӯзӣ, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ана бубинем, ки зидди ин наворе, ки дурӯғ нест ва баёнгари ҳол аст, чӣ метавон кард? Бо он, ки чанд сарбозу афсарро гунаҳгор медонанду ҷазои (баъзан ё танҳо рутбаи ҳарбиашонро паст мекунанд ва ё андаке “чашм ало мекунанд”-у чунин ҷазодиҳиҳо хотима меёбанд) роҳи ҳалли масъала нест. Ба андешаи ман, аввалин коре, ки бояд анҷом дод, ин ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорони асосии ин саҳна аст ва танҳо баъдан якҷоя бо онҳо ин сарбозони аз “старик” шудани худ ифтихордоштаро  ҷазо додан лозим аст. Қабл аз ҳама, он афсароне, ки ин шабу рӯз масъули омӯзишу истироҳати сарбозон буданд, бояд мавриди ҷазо қарор дода шаванд ва ба онҳо гӯянд: ”Ҳукумат сарбозони худро ба ихтиёри шумо дод, аммо шумо чӣ кор кардед?”. Яъне, даъвогари асосӣ ҳукумат шавад. Ин ҷо танҳо ҷазо додан мақсади асосӣ нест, балки мавриди таваҷҷуҳи мардум, афсарон ва сарбозон қарор додани он муҳиматар аз он аст ва ин як ҷузъи асоссии ПРОПАГАНДА мебошад. Ана ҳамин тарзи кор дар давоми тамоми солҳои мавҷудияти СССР вуҷуд дошт ва ба дили мардум ҳисси умедвориро бедор мекард. Волидон медонистанд, ки дар ҳолати зарурӣ онҳо метавонанд дар асоси қонунҳои амалкунандаи замон ҳар касеро, ки нисбати фарзанди онҳо зӯроварӣ мекунад, ҷазо диҳанд (ҳарчанд на ҳама вақт чунин буд). Пас, бояд ҳоло таблиғотчиёни артиш аз фурсати бадастомада истифода бурда, маросими ҷазоро ба як маъракаи калон табдил диҳанд ва натиҷаи онро дар ҳамаи нашрияю ТВ ва радиою шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кунанд. Он гоҳ мардум мебинанд, ки кор ранги дигар гирифта истодааст ва бо дили пур фарзандашонро ба хизмати Ватан мефиристанд. Аммо дар ин маврид ҳам бояд эҳтиёткор буд, ки “оббиёру кӯзашикан” баробар нашаванд, яъне ҷазоро танҳо онҳое гиранд, ки воқеан ҳам гунаҳгоранд.

Сари масъалаи даъват ба артиш гуфтаниҳо зиёданд ва инҷо алҳол танҳо бо ҳамин иктифо мекунем.

А. АҲМАДЗОДА, 

майори мустаъфӣ, дорандаи Ордени “Ситори Сурх”-и Артиши Шӯравӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *