Интернет барои идора: Чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии  боэътимод таъмин кард? 

Интернети босуръат ва устувор асоси қариб ҳама гуна тиҷорати замони муосир аст. Дастрасӣ ба шабакаи умумиҷаҳонӣ  барои мубодилаи ҳуҷҷатҳо, муошират бо мизоҷон  ва кори дастгоҳҳои хазинавӣ  муҳим аст. Аммо, на дар ҳар  минтақаи Тоҷикистон провайдереро, ки метавонад сифати зарурии хизматрасониро кафолат диҳад, пайдо карда метавонем. Баъзеҳо танҳо дар минтақаҳои маҳдуд фаъолият мекунанд. Ширкатҳои бузурги телекоммуникатсионӣ роҳи ҳалро пешниҳод мекунанд. Масалан, МегаФон Тоҷикистон омода аст, ки  ҳама гуна офис ё шабакаи филиалҳоро дар кишвар бо интернет таъмин намояд.    

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” муддатҳост, ки дар доираи  як оператори оддии мобилӣ маҳдуд намегардад.  Ширкат барои тиҷорат як қатор хизматрасониҳои  муфид, аз ҷумла интернети ноқилиро пешниҳод менамояд.  Самти интернети собити баландсуръат (ТМСБ)  муштариён-шахсони воқеиро на танҳо дар ҳудуди шаҳри  Душанбе дар бар мегирад.  Интернетро барои тиҷорат қариб дар тамоми кишвар пайваст кардан мумкин аст.        

Шабакаи «МегаФон» Тоҷикистон» дар тамоми ноҳияҳои  кишвар паҳн  шудааст, ки барои пайвасткунии муштариёни тиҷоратӣ дар кӯтоҳтарин муддат,  ба ҳисоби миёна дар давоми 3-5 рӯз, вобаста ба шароитҳои техникӣ ва мавқеи ҷойгиршавии  офиси муштарӣ, имконият  медиҳад.  Баъзан вақт насби кабел,  ба истилоҳ «то дари хонаи мизоҷ»  як рӯзро дар бар мегирад. 

Фарогирии васеи шабакаи «МегаФон» Тоҷикистон» барои ширкатҳое, ки дар шаҳру  ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ   филиалҳо, идораҳо  ё мағозаҳо доранд, махсусан қулай аст. Дастрасии боэътимод дар ҳамаи ҷойҳои зарурӣ таъмин карда мешавад. Инчунин  имконияти пешниҳоди канали  махсус  ва ташкили шабакаи ягонаи маҳаллӣ  барои кори зуд ва бехатар дар ҳамаи воҳидҳои  ширкати фармоишгар вуҷуд дорад.      

Мизоҷон суръати интернети ноқилии худро вобаста ба эҳтиёҷот, шумораи кормандоне, ки ба интернет ниёз доранд ва буҷети худ интихоб мекунанд. Масалан, як гурӯҳи то 20 нафар метавонад аз зарфияти  30 Мбит/с барои кори ҳаррӯза, вохӯриҳои онлайн ва мубодилаи файлҳо истифода барад.  Ба корпоратсияҳои калон суръати баландтарин, то 500 Мбит/с, кафолат дода мешавад. Дар умум ба мизоҷони тиҷоратӣ интихоби қулай аз байни  даҳ тарофаи интернети собити  баландсуръат   пешниҳод мегардад.              

Боз як бартарии махсус дар дастгирии техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ифода меёбад, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дорад.   Мизоҷон  ба саволҳои ҷории худ  ҷавобҳои фаврӣ ва  дар танзимкунии  интернет кӯмак пайдо мекунанд.  Дастгирии техникӣ ба нархи тарофа дохил карда шудааст ва хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.         

Мизоҷон  метавонанд дархостро барои пайвасткунии интернети ноқилӣ мустақилона тариқи суроғаи  https://megafon.tj/business/internet-office гузоранд.

Пайвастшавии  зуд, суръати баланди дастрасӣ, хизматрасонии боэътимод дар саросари кишвар ва сервис дар реҷаи 24/7  – ин интернети собити баландсуръат аз ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» аст. Провайдереро интихоб кунед, ки тиҷорати шуморо ҳамеша онлайн нигоҳ медорад!  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *