Бозии Тоҷикистону Ҳинд дар Ҳисор мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона муқобили тими Ҳиндустон мусовии 1:1 анҷом дод.
Вохӯрӣ шоми 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Меҳмонон аввал ҳисобро боз карданд, аммо дар дақиқаи 85-ум Шериддин Бобоев аз зарбаи 11-метра натиҷаро баробар намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали дӯстона мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 бар Ҳиндустон пирӯз шуда буд.
Тибқи радабандии охирини ФИФА, Тоҷикистон дар зинаи 100-ум ва Ҳиндустон дар мақоми 139-ум қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ