Ба зарардидагони сӯхтор дар Норак манзилҳои нав медиҳанд

Дар ҷойи бинои дуошёнае, ки шоми 7-уми июн дар маҳаллаи Лангари шаҳри Норак пурра ба коми оташ рафт, бинои нави 12-ошёна сохта мешавад.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Норак, соҳибкоре, ки сохтмони ин биноро ба уҳда гирифтааст, ваъда додааст, ки ба оилаҳои аз сӯхтор зарардида манзилҳои навро ройгон пешниҳод мекунад.
Дар пайи ин ҳодиса 14 оила, ки беш аз 50 нафарро дар бар мегиранд, бесарпаноҳ монданд. Айни ҳол онҳо муваққатан дар манзили хешовандонашон зиндагӣ доранд.

Мақомот мегӯянд, сокинони зарардида ба пешниҳоди соҳибкор розигӣ додаанд. Ҳамзамон, ба онҳо кумаки ғизоӣ ва сару либос расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтори шадид дар бинои чӯбини дуошёнаи маҳаллаи Лангар рух дода, тамоми 16 манзили истиқоматиро аз байн бурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *