Институти иқтисодиёт ва демография соҳиби бинои нав гардид

Имрӯз, 9 июн раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон-ро мавриди истифода қарор дод.

Бинои нави муассисаи илмӣ дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷойгир буда, аз шаш ошёна ва таҳхона иборат аст. Иншоот барои фаъолияти 150 корманди илмӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба иттилои расмӣ, дар бино утоқҳои корӣ, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва дигар шароити зарурӣ барои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ муҳайё карда шудаанд.

Бунёди иншооти нав ба беҳтар гардидани шароити фаъолияти олимон ва таҳқиқоти илмӣ мусоидат намуда, барои рушди илмҳои иқтисодӣ ва демографӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои муҳими илмӣ ба шумор рафта, ба омӯзиши масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бозори меҳнат, муҳоҷират ва равандҳои демографии кишвар машғул аст.

Ифтитоҳи бинои нав дар доираи тадбирҳои рушди инфрасохтори илмӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолияти муассисаҳои илмии кишвар сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *