Рустами Эмомалӣ санги асоси маркази IT-Hub Dushanbe-ро гузошт
9 июни соли равон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба корҳои сохтмонии маҷмааи муосири IT-Hub Dushanbe оғоз бахшида, санги асоси иншооти мазкурро гузошт.
Тибқи иттилои расмӣ, маҷмааи IT-Hub Dushanbe аз чанд бахши калидӣ, аз ҷумла Мактаби IT, IT Park, Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоотӣ ва Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ иборат хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ҳадафи асосии бунёди ин маҷмаа рушди иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои муосир, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад.

Ба иттилои мақомоти шаҳрӣ, татбиқи ин лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити нави инноватсионӣ ва рақамӣ дар кишвар мусоидат намуда, имкониятҳои навро барои омӯзиш, рушди соҳибкории технологӣ ва татбиқи дастовардҳои зеҳни сунъӣ фароҳам меорад.
Инчунин, таъсиси Мактаби IT ва IT Park ба омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, дастгирии стартапҳо ва рушди экосистемаи рақамии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Коршиносон бар ин назаранд, ки бунёди чунин марказ метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад.
Маҷмааи IT-Hub Dushanbe яке аз лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории пойтахт дар самти рақамикунонии иқтисод ва рушди технологияҳои муосир арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ