Хисороти сел ва марги як нафар дар Панҷ
Бар асари боришоти шадид ва омадани сел дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як марди 52-сола ба ҳалокат расида, ба манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ расидааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса рӯзи 5-уми июн рух дода, Файзимаҳмад Раҳимов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳангоми кандану бор кардани сангу шағал дар дохили яке аз наҳрҳо зери сел мондааст.
Наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки чанд мошини боркаш ва як экскаватор дар байни сел дармондаанд. Дар навор ронандагон барои берун овардани техника аз ҷараёни об талош мекунанд.
Ҳамзамон, сел ба деҳаҳои Ваҳдатобод ва Зарбдори ҷамоати деҳоти Намуна низ зарар расонда, ба хонаҳои сокинон ва иншооти ёрирасон хисорот ворид кардааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, инчунин 70 гектар замини пахтаи хоҷагии тухмипарварии ба номи Эмомалӣ Раҳмон зери об ва лойқа мондааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин наворе аз сел дар деҳаи Сомонии ноҳияи Панҷ паҳн шудааст, ки шиддати ҷараёни об ва паёмадҳои боришоти ахирро нишон медиҳад. Ҳоло комиссияҳои махсус ҳаҷми умумии хисоротро муайян мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ