Сангалӣ Мирзоев 62-сола шуд (видео)
Имрӯз овозхони маъруфи тоҷик Сангалӣ Мирзоев зодрӯз дорад.
Сангалӣ Мирзоев 9 июни соли 1963 ба дунё омада, аз ҷумлаи сарояндагоне ба шумор меравад, ки бо садои хуш, иҷрои сурудҳои мардумӣ ва классикӣ миёни ҳаводорони мусиқии тоҷик маҳбубияти зиёд касб кардааст.
Ӯ фаъолияти ҳунарии худро солҳои зиёд идома дода, ҳатто дар рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ низ аз саҳна ва мухлисонаш дур набуд. Сангалӣ Мирзоев дар тӯю маъракаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ ҳунарнамоӣ карда, маҳбубияти худро миёни мардум ҳифз намуд.
Сароянда бештар бо иҷрои сурудҳои шӯху дилнишин ва таронаҳои мардумписанд шинохта мешавад. Бо вуҷуди гузашти солҳо, ӯ ҳамоно аз ҷумлаи ҳунармандони серталаб дар маъракаҳо ва маҳфилҳои фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумлаи таронаҳои машҳури ӯ метавон «Зи чӣ, эй ёр», «Зиндагӣ», «Эй ошиқон», «Ман толиби сулҳам», «Чину чин», «Моҳҷамол», «Эй санам», «Тоҷикистон зинда бош» ва «Аз чашми соқӣ»-ро ном бурд, ки то имрӯз миёни дӯстдорони мусиқӣ маҳбубият доранд.
Pressa.tj Сангалӣ Мирзоевро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, барояш саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои навини эҷодӣ орзу менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ