Никол Пашинян: Ин ғалабаи таърихӣ аст

Ҳизби ҳокими «Паймони шаҳрвандӣ»-и нахуствазири Никол Пашинян дар интихоботи парлумонии Арманистон худро пирӯз эълон кард.

Пашинян баъд аз эълони натиҷаҳои пешакӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки «ин ғалабаи таърихӣ аст» ва аз шаҳрвандоне, ки ба ҳизби ӯ раъй додаанд, изҳори сипос намуд.

Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботи Арманистон, ҳизби «Паймони шаҳрвандӣ» 49,82 дарсади овозҳоро ба даст оварда, соҳиби аксарияти курсиҳои порлумон хоҳад шуд. Ин ҳизб метавонад аз 105 курсии Маҷлиси миллӣ беш аз 60 курсиро соҳиб гардад.

Дар ҷойи дуюм эътилофи «Арманистони қудратманд» бо 23,29 дарсади овозҳо қарор гирифтааст. Эътилофи «Арманистон» бошад, бо касби 9,94 дарсади раъйҳо мақоми сеюмро ишғол кардааст. Ин ду нерӯи сиёсӣ мутаносибан тақрибан 28 ва 12 курсии порлумонро соҳиб хоҳанд шуд.

Дар интихобот дар маҷмӯъ 18 нерӯи сиёсӣ, аз ҷумла 16 ҳизб ва ду эътилоф ширкат варзиданд. Ба иттилои расмӣ, аз 2,5 миллион шаҳрванди дорои ҳаққи овоздиҳӣ наздики 60 фоиз дар интихобот иштирок кардаанд.

Интизор меравад, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии Арманистон рӯзи 14 июн расман эълон карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *