Боздошти зане, ки пас аз ҷарима боз ба сеҳру ҷоду машғул шуд
Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини шаҳри Душанберо бо гумони машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт намуданд.
Тибқи иттилои ВКД, шаҳрванд Юсупова Санобархон, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар манзили истиқоматиаш ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул шудааст.
Номбурда дар нишондодҳояш изҳор намудааст, ки моҳи феврали соли 2026 барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда буд.
Ба гуфтаи мақомот, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, ӯ аз фаъолияти ғайриқонунии худ даст накашида, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт такроран ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул шудааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Юсупова Санобархон бо моддаи 240¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ