Дар Ҷайҳун сокинон кӯдакистон месозанд
Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинон, дар деҳаи Регдашти ноҳияи Ҷайҳун сохтмони муассисаи томактабӣ оғоз гардид.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар деҳаи Регдашти Ҷамоати деҳоти “Қумсангир” бо саҳми сокинони ватандӯст корҳои сохтмонии кӯдакистон шуруъ гардидааст. Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Роҳбарияти ноҳияи Ҷайҳун аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар дидан карда, иқдоми сокинонро шоистаи таҳсин номидааст.
Муассисаи томактабӣ, ки барои 100 кӯдак сохта мешавад, аз ду ошёна иборат аст.
Барои бо сифат ва дар муҳлати муайян ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ, мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Сокинон бо бунёд кардани муассисаи томактабӣ дар бештар гардидани фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон мусоидат карда, дар истиқболи шоиста аз 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми созгор мегузоранд.
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил кардани 35 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар 389 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст. Мувофиқи нақша то сентябри соли равон беш аз 110 иншооти дигар бунёд хоҳад шуд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ