Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 оғоз мешавад

Аз 11-уми июн яке аз бузургтарин мусобиқоти варзишии сол – Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 оғоз мешавад, ки то 19-умииюл идома мекунад. Ин аввалин Ҷоми ҷаҳон дар таърих аст, ки ҳамзамон дар се кишвар-Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексикабаргузор мешавад ва инчунин бузургтарин мусобиқа дар таърих бо иштироки 48 даста хоҳад буд.

Бозиҳо дар 16 шаҳр, аз ҷумла дар 11 шаҳри ИМА: Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ, Филаделфиё, Бостон, Атланта, Майами, Хюстон, Даллас, Лос-Анҷелес, Сан-Франсиско, Канзас-Сити, Сиэтл, 3 шаҳри Мексика: Мехико-Сити, Гвадалахара, Монтеррей ва 2 шаҳри Канада: Торонтову Ванкувер баргузор мешаванд.

Бозии ифтитоҳӣ рўзи 11-уми июн дар варзишгоҳи Эстадио Азтека дар Мехико-Сити, Мексика баргузор хоҳад шуд, ки дар он дастаҳои Мексика ва Африқои Ҷанубӣ вомехўранд. 19-уми июл дар варзишгоҳи МетЛайф дар канори шаҳри Ню-Йорк, ИМА (Ню-Ҷерси) бозии ниҳоӣ баргузор хоҳад шуд.

48 даста ба 12 гурўҳи 4-дастаӣ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурўҳ бо ҳашт дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм ба плей-офф роҳ меёбанд.

Гурўҳи А: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Чех

Гурўҳи B: Канада, Швейтсария, Қатар, Босниё ва Ҳерзеговин

Гурўҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳоити, Шотландия

Гурўҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия

Гурўҳи E: Олмон, Кюрасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор

Гурўҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шветсия

Гурўҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав

Гурўҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай

Гурўҳи I: Фаронса, Сенегал, Норвегия, Ироқ

Гурўҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун

Гурўҳи K: Португалия, Колумбия, Ӯзбекистон, Конгои Демократӣ

Гурўҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *