Имтиёз ба довталабон

10 июн марҳилаи дуюми сабти ном барои имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо оғоз шуд.

Довталабоне, ки дар даври асосӣ сабти ном нашуданд ё мехоҳанд интихоби худро иваз намоянд, то 30-юми июн имкони пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро ба Маркази миллии тестӣ доранд.

Сабти ном барои даври дуюм дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараву Рашт ба роҳ монда шудааст.

Довталабонро зарур аст, ки ҳангоми сабти ном ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирии давраи асосӣ ва рақами расиди худро пешниҳод кунанд.

Довталабоне, ки мехоҳанд ихтисосҳои дар марҳилаи якум интихобкардаашонро иваз кунанд, бо пардохти 370 сомонӣ (барои хатмукунандагони синфи 11) ва 320 сомонӣ (барои синфи 9) метавонанд дар даври дуюм тағйир диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 10 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *