Марҳилаи дуюми бақайдгирии довталабон оғоз мешавад

Дар даври аввали сабтином барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар беш аз 119 ҳазор довталаб дар Маркази миллии тестӣ номнавис шудаанд.

Марҳилаи аввали бақайдгирӣ аз 2-юми март то 30-юми апрели соли равон идома карда, даври дуюми сабтином аз 10-уми июн оғоз гардида, то 30-юми июн давом мекунад.

Муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ Абдулвосит Шодиниё гуфт, ки шумораи умумии довталабони сабтиномшуда 119 ҳазору 175 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаи қабули донишгоҳу донишкадаҳо барои соли таҳсили 2026-2027 дар умум 121 ҳазору 398 ҷойро дар бар мегирад.

Шодиниё таъкид кард, ки бештари довталабон ба гурӯҳи ихтисосҳои панҷум – тиб, биология ва варзиш ҳуҷҷат супоридаанд. Аммо агар таносуби шумораи довталабон ва ҷойҳои нақшавӣ ба назар гирифта шавад, гурӯҳи ихтисосҳои сеюм – филология, педагогика ва санъат рақобати бештар дорад.

“Дар фарқ аз солҳои пешин имсол теъдоди довталабон дар гурӯҳи ихтисосҳои сеюм зиёд аст ва иштибоҳ намекунем, гӯем, ки таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои омӯзгорӣ сол аз сол зиёд мешавад”,- гуфт ӯ.
Бояд гуфт, сабтином барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашуда пулакӣ мебошад. Арзиши бақайдгирӣ барои хатмкунандагони синфи 11 ва литсейу коллеҷҳои касбӣ 370 сомонӣ ва барои хатмкунандагони синфи 9-ум 320 сомонӣ муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *