Хантавирус дар Тоҷикистон? Посухи Вазорати тандурустӣ
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки то имрӯз дар ҳудуди кишвар ягон ҳолати сирояти “Хантавирус” ба қайд гирифта нашудааст.
Ба иттилои вазорат, дар Тоҷикистон маълумоти расмии васеъ оид ба бақайдгирӣ ва хуруҷи ин вирус маҳдуд мебошад. Бо вуҷуди ин, бо назардошти мавҷудияти хояндаҳои табиӣ ва омилҳои экологӣ, мониторинги доимии эпидемиологӣ ва чораҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд.
Мутахассисон мегӯянд, ки сироят бештар ҳангоми тамос бо пешоб, наҷосат ё оби даҳони хояндаҳои сироятшуда ба вуҷуд меояд. Инчунин, нафаскашии зарраҳои чангу ғубори олудашуда дар ҷойҳои пӯшида, анборҳо, таҳхонаҳо ва манзилҳое, ки хояндаҳо мавҷуданд, метавонад хатари сироятро зиёд кунад.
Вазорат таъкид кардааст, ки риояи қоидаҳои оддии беҳдоштӣ метавонад хатари сироятро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ба гуфтаи мақомот, айни ҳол вазъият таҳти назорати сохторҳои тандурустӣ қарор дорад.
Ҳамзамон, вазорат бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст, ки хатари умумии паҳншавии хантавирус дар ҷаҳон дар сатҳи “паст” арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ