“Шоҳҷоиза”-и “Нури Хуҷанд”. Ҷойҳои дигар насиби кӣ шуд?
Дастаи ҳунарии шашмақомхононии “Нури Хуҷанд”-и вилояти Суғд “Шоҳҷоиза”-и озмуни шашмақомхониро, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба даст овард. Ҷоизаҳо шоми 12-уми май дар саҳни “Қалъаи Хуҷанд” ба ғолибон тақдим шуданд.
Дастаи ҳунарӣ (ансамбл)-и “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Бухорои Ӯзбекистон сазовори ҷойҳои аввал шуданд.
Ҷойҳои дуюм бошад, насиби дастаи “Шашмақом”-и Фарғонаи Ӯзбекистон ва Сардорбек Солиев, овозхони дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Озарбойҷон ва Навбаҳор Шамсиева, сароянда аз ноҳияи Спитамен ғолибони ҷойҳои сеюм дониста шуданд.


Ба иттилои Кумитаи тадорукотии ҷашнвора-озмун, ба барандаи шоҳҷоиза 7 ҳазор доллар ва ба ғолибони ду ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюм мутаносибан 5 ҳазор доллар, 3,5 ҳазор доллар ва 2 ҳазор доллар (ба ҳар яке) тақдим шудааст.
Ин ҷашнвора-озмун таҳти унвони “Ушшоқи Раҳмонӣ” рӯзҳои 10-12-уми май ба муносибати Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 12-уми май таҷлил мешавад, баргузор шуд.
Дар он ҳунармандони дастаҳои шашмақомхон, мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат, мусиқишиносони кишвар ва берун аз он, аз ҷумла, аз Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Фаронса ширкат карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ