Ҳушдори Сарвазири Тоҷикистон аз хатари беобӣ дар Осиёи Марказӣ

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ аз хатари беобӣ дар Осиёи Марказӣ ва таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва камбуди захираҳои обӣ изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳистон аст, дар сафи пеши таъсири тағйирёбии иқлим қарор дорад. Расулзода таъкид намуд, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир дар кишвар беш аз ҳазор пирях нопадид шудааст, ки ин раванд ба тавозуни обии тамоми минтақа таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.

Сарвазир гуфт, ки Тоҷикистон тақрибан 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказиро тавлид намуда, ҷонибдори ҳамоҳангсозии оқилонаи истифодаи об мебошад.

Ӯ афзуд, дастрасӣ ба об рӯз ба рӯз ноустувортар шуда, кишоварзӣ, ки беш аз 60 дарсади аҳолиро бо ҷойи кор таъмин мекунад ва чоряки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад, ба навсозии фаврӣ ниёз дорад.

“Аввалин самт ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об, аз қабили обёрии қатрагӣ ва мониторинги рақамии обёрӣ мебошад, ки ҳосилнокии зироатҳоро 30-40% афзоиш медиҳанд ва дар айни замон истеъмоли обро кам мекунанд”,- гуфт Қоҳир Расулзода.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ барои мубориза бо биёбоншавӣ ва вайроншавии заминро фаъолона амалӣ намуда, усулҳои кишоварзии устувор ва принсипҳои кишоварзии органикиро ҷорӣ мекунад.

Ба таъкиди Расулзода, ба шарофати барномаҳои давлатӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тайи панҷ соли охир беш аз 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ӯ афзуд, ки Барномаи рушди миёнамуҳлати солҳои 2026-2030 ҳадаф дорад ММД-и кишварро ду баробар зиёд намуда, сатҳи камбизоатиро то 10 дарсад коҳиш диҳад ва рушди солонаи кишоварзиро дар сатҳи 8,5 дарсад таъмин намояд.

Сарвазир хотиррасон кард, ки соли 2026 Соли байналмилалии занони деҳқон эълон шудааст ва таъмини дастрасии баробари занон ба захираҳо ва технологияҳоро омили муҳими рушди иқтисодӣ арзёбӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *