Панҷ: Сардухтури беморхона иваз шуд
Хуҷаназар Наибов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадӣ Ҷумъазодаро иваз кардааст.
Муҳаммадӣ Ҷумъазода беш аз 6 соли охир роҳбари Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ будааст.
Хуҷаназар Наибов бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сардухтури беморхонаи мавриди назар таъин шудааст.
Ӯ то расидан ба ин мақом ҳамчун ҷарроҳи кӯдаконаи ҳуъбаи ҷарроҳии ҳамин беморхона фаъолият дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ