Трамп ба Чин сафар мекунад
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Чин меояд ва сафари ӯ дар ин кишвар аз 13 то 15-уми май идома хоҳад ёфт.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар дода, гуфт, ки ин сафари давлатии Трамп бо даъвати Си Ҷинпин, раисҷумҳури ин кишвар анҷом мешавад.
Ба гузориши расонаҳо, баррасии ҳамкориҳои Чину Амрико, бахусус дар самти тиҷорат, яке аз мавзуҳои калидии дидори раисҷумҳурҳои ду кишвар хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки Трамп мехоҳад Пекинро таҳти фишор қарор диҳад, то ба миёнҷигарӣ барои ба даст овардани созиши хатми ҷанг бо Эрон кумак кунад. Ҷанге, ки раисҷумҳури Амрико ва иқтисоди ҷаҳонро зери фишор қарор додааст.
Дидори Трамп бо ҳамтои чинияш қарор буд охирҳои моҳи март ва аввали апрел иттифоқ афтад, вале ба далели ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон он ба таъхир афтод. Ӯ қаблан дар соли 2017 ҳам ба Чин сафари расмӣ анҷом дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ