Таниши нав дар Ховари Миёна. Ҳамлаҳои Эрону Исроил ва вокуниши Амрико
Пас аз сукути чандҳафтаина Ховари Миёна боз шоҳиди шиддат гирифтани танишҳои Эрон ва Исроил гардид. Дар чанд рӯзи охир ҳамлаҳои мушакӣ, зарбаҳои ҳавоӣ ва таҳдидҳои мутақобил боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд.
Ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил
Шаби 7 ба 8-уми июн чанд соат пас аз ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба ҷануби Бейрут, Артиши Эрон ба самти шимоли Исроил чандин мушаки баллистикӣ партоб кард. Мақомоти эронӣ ин амалиётро посух ба ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои ҷанубии Лубнон ва канори шаҳри Бейрут арзёбӣ мекунанд.
Қароргоҳи марказии «Хотамуланбиё» пештар ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳо ба Лубнон, Теҳрон ба ҳадафҳои воқеъ дар қаламрави Исроил зарба хоҳад зад.
Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, дар ин ҳамла тақрибан 10 мушаки баллистикӣ истифода шудааст. Артиши Исроил иддао кардааст, ки аксари мушакҳо раҳгирӣ шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале маҷруҳшудаҳо ҳастанд.
Мақомоти Исроил партоби мушакҳоро тасдиқ намуда, дар чандин шаҳри шимолии кишвар бонги хатар эълон карданд.

Трамп ба музокира даъват кард
Дар пасманзари ин рӯйдодҳо, президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп аз Теҳрон хост, ки ба сари мизи музокирот бозгардад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳам Эрон ва ҳам Исроил амалиёти худро анҷом додаанд ва минтақа ба ҳамлаҳои нав ниёз надорад. Трамп ҳамчунин гуфтааст, ки бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу тамос гирифта, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки аз иқдомҳои интиқомҷӯёна худдорӣ намояд.
Раисҷумҳури Амрико таъкид кардааст, ки Вашингтон ҳанӯз ҳам ба дастёбӣ ба созиши ниҳоӣ бо Эрон умедвор аст ва намехоҳад ин раванд боиси аз даст рафтани имконияти сулҳ гардад.
Зарбаҳои ҷавобии Исроил ба Эрон
Бо вуҷуди ин даъватҳо, субҳи 8-уми июн Артиши Исроил аз ҳамла ба як қатор ҳадафҳои низомӣ дар марказ ва ғарби Эрон хабар дод.
Расонаҳои эронӣ аз шунида шудани таркишҳо дар шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон ва Табрез гузориш додаанд. Мақомоти Эрон тасдиқ карданд, ки баъзе минтақаҳо ҳадафи мушакҳои ҳавопартоб қарор гирифтаанд, вале то ҳол дар бораи талафоти эҳтимолӣ маълумоти расмӣ нашр нашудааст.
Ҳамзамон Исроил хабар дод, ки аз самти Яман низ як мушак ба қаламраваш партоб шудааст. Баъд аз арзёбии вазъият мақомоти исроилӣ ба сокинон иҷозат доданд, ки паноҳгоҳҳоро тарк кунанд.
Вуруди Амрико ба низоъ
Дар ҳамин ҳол, Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) эълон кард, ки бо дастури президент Трамп ба чанд ҳадафи низомии Эрон дар наздикии тангаи Ҳурмуз зарба задааст. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин амалиёт посух ба сарнагун шудани як чархболи низомии Apache ва ҳамлаҳои ахир ба манфиатҳои ИМА дар минтақа мебошад.
Дар навбати худ, мақомоти Эрон аз ҳамла ба баъзе пойгоҳҳои низомии Амрико дар Баҳрайн, Урдун ва Кувайт хабар додаанд. Бо вуҷуди ин, як мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки аксари мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ раҳгирӣ шуда, дар бораи талафоти нерӯҳои ИМА гузорише дастрас нест.
Ҳоло ҷонибҳо аз партоби мушак худдорӣ кардаанд, вале вазъ ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ