Душанбе пешсафи сохтмони манзил

Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ тайи моҳҳои январ-апрели соли равон афзоиш ёфтааст.

Бино ба гузориши Агентии омори кишвар, афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷумҳурӣ ин муддат ба масоҳати умумии 500 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар бештар аст.

Қариби нисфи хонаҳои истиқоматии навбунёд дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе рост меояд. Аз ним миллион метри мураббаъ дар ҷумҳурӣ 234 ҳазор метри мураббаъ ва ё 46,8% ба пойтахт рост меояд.

Дар ҷойи дуюм Хатлон – 115,3 ҳазор, сеюм Суғд – 107 ҳазор ва НТҶ бо 38,8 ҳазор метри мураббаъ меистанд.

Дар ин муддат панҷ мактаб барои беш аз 7 ҳазор нафар ва муассисаҳои томактабӣ барои 1406 ҷой сохта ба истифода дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *