Зеҳни сунъӣ ва иқтисоди сабз дар меҳвари ҳамоиши бонкдорони СҲШ дар Душанбе
10 июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, пешгирии хавфҳо ва иқтисоди сабз (ESG)» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун узви Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва бо иштироки намояндагони бонкҳои аъзои ин созмон, бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои ватанӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ» доир шуд.



Дар конфронс намояндагони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, ҶСК «Беларусбанк», Корпоратсияи инфрасохтори молиявии Ҳиндустон, Бонки рушди Қазоқистон, Бонки давлатии рушди Чин, ҶСК «Элдик Бонк»-и Қирғизистон, Корпоратсияи рушди давлатии «ВЭБ.РФ», «Ҳабиб Бонк»-и Покистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон иштирок намуда, таҷриба ва дастовардҳои худро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, идоракунии хавфҳо ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз муаррифӣ карданд.


Ҳамчунин, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла «ЗИПЛ АИ», «Саноатсодиротбонк», «Ориёнбонк», «Бонки Эсхата», «Фридом Бонк Тоҷикистон», «Ҳумо Бонк», «Душанбе Сити Банк» ва «Алиф Бонк» рӯнамоҳои худро оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва дурнамои рушди соҳа пешниҳод намуданд.
Тавре дар ҳамоиш таъкид гардид, масъалаҳои рақамикунонӣ, истифодаи технологияҳои навин ва татбиқи стандартҳои ESG барои рушди устувори низоми бонкӣ ва таҳкими иқтисоди рақамии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти калидӣ доранд.
Пас аз анҷоми қисми асосии конфронс байни намояндагони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, бонкҳои Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанӣ мулоқотҳои дуҷониба баргузор шуданд.


Дар доираи ин мулоқотҳо байни роҳбарияти «Амонатбонк» ва «Элдик Бонк»-и Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум ва Харитаи роҳ ба имзо расид. Ҳуҷҷатҳои мазкур ҳамкориро дар самтҳои ҳисоббаробаркуниҳои пардохтӣ, инфрасохтори амонатгузорӣ, рақамикунонӣ, амнияти иттилоотӣ, пардохтҳои фаромарзӣ ва принсипҳои маблағгузории исломӣ пешбинӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ташаббускорон, ҳадафи асосии баргузории конфронс рушди табодули таҷриба байни бонкҳои Тоҷикистон ва институтҳои молиявии кишварҳои узви СҲШ, ҷалби шарикони рушд ва мусоидат ба татбиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ