Ҳунарпешаи маъруф Меҳрангез Ҳасанова 72-сола шуд (видео)

Имрӯз, 11 июн ҳунарпешаи театру синамо ва садогузори маъруфи тоҷик Меҳрангез Ҳасанова ба синни 72-солагӣ расид.

Меҳрангез Ҳасанова 11 июни соли 1954 ба дунё омадааст. Ӯ баъд аз хатми Институти умумииттифоқии кинематографистони шаҳри Маскав фаъолияти ҳунарии худро дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз кардааст.

Ҳунарманди шинохта солҳои зиёд дар рушди санъати дубляжи тоҷик саҳм гузошта, аз соли 1980 то соли 2008 ба ҳайси коргардони бахши дубляжи киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолият намудааст. Аз соли 2008 инҷониб ӯ дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский ҳунарнамоӣ мекунад.

Меҳрангез Ҳасанова дар садогузории беш аз 200 филми бадеӣ ба забони тоҷикӣ иштирок намуда, дар рушди фарҳанги дубляж ва дастрас гардидани филмҳо барои тамошобини тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.

Ӯ ҳамчунин дар як қатор филмҳои бадеӣ, аз ҷумла «Дар ҷарӣ», «Қӯшатир», «Ҷинояткор ва адвокатҳо», «Ҳодиса дар фурудгоҳ», «Туҳмат» ва дигар асарҳои синамо нақшҳои хотирмон офаридааст.

Меҳрангез Ҳасанова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки фаъолияти чандинсолаи ӯ дар театр, синамо ва дубляж дар рушди санъати миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *