Занони маҳбуси тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд
Беш аз 200 зани шаҳрванди Тоҷикистон, ки айни замон дар муассисаҳои ислоҳии Федератсияи Русия адои ҷазо мекунанд, эҳтимол то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.
Дар ин бора Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, барои қабули маҳбусон дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак корҳои сохтмонӣ ва омодасозии биноҳои иловагӣ идома дорад.
Хабари интиқоли занони маҳбус бори аввал моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова расонаӣ шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин хусус ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда шуда, ҷониби Тоҷикистон ба ин пешниҳод посухи мусбат додааст.
Интиқоли маҳкумшудагон миёни давлатҳо одатан дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ амалӣ гардида, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки муҳлати боқимондаи ҷазои худро дар кишвари худ адо намоянд.
Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман дар бораи шумораи дақиқи маҳбусони интиқолшаванда ва муҳлати анҷоми ин раванд маълумоти муфассал нашр накардаанд.
Дар сурати амалӣ шудани нақшаи мазкур, ин яке аз бузургтарин интиқоли занони маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар солҳои охир хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ