Профессори ДМТ соҳиби ҷоизаи ИДМ шуд

9 июни соли 2026 дар шаҳри Бишкек Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар доираи форум маросими супоридани ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» баргузор шуд. Дар натиҷа профессори факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Каримзода Акобир Иззатулло сазовори Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» дар номинатсияи «Барои саҳмгузорӣ дар рушди илм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф дар соли 2025» гардид.

Ин ҷоиза яке аз мукофотҳои бонуфузи кишварҳои узви ИДМ ба шумор рафта, барои дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва санъат тақдим карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» соли 2009 аз ҷониби Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ ва Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ таъсис ёфтааст.

Ҳамасола ин ҷоиза ба олимон, фарҳангиён ва намояндагони дигар соҳаҳо барои дастовардҳое тақдим мегардад, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ буда, дар рушди кишварҳои узви Иттиҳод саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар тӯли солҳои мавҷудияти ин ҷоиза зиёда аз 100 нафар олимон ва аҳли фарҳангу санъати кишварҳои ИДМ соҳиби он гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *