Шиносии Давлаталӣ Саид бо паёмадҳои сел дар Панҷ ва дастури ӯ ба масъулин

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ аз маҳалҳои зарардида аз офати табиӣ дидан кардааст.

Дар ин сафар, масъулони дахлдор дастур гирифтаанд, ки корҳои бартарафсозии зарари офати табиӣ ҳарчи зудтар ба анҷом расонида шавад. Ҳамчунин, онҳо вазифадор гардиданд, ки бехатарӣ ва амнияти аҳолӣ таъмин шуда, барои барқарор намудани инфрасохтори осебдида ва ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешиданд.

Феълан корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Панҷ бо идома дорад ва вазъият таҳти назорати мақомоти дахлдор аст.

Ёдовар мешавем, ки 5 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи сар задани офати табиӣ ба як қатор ҳавлиҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Панҷ об ворид гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *