Тоҷикистон чӣ қадар кӯмаки башардӯстона гирифт? (инфографика)

Дар чаҳор моҳи аввали соли 2026 ба Тоҷикистон ба маблағи 9,6 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Хадамоти гумрук хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, аз моҳи январ то апрели соли равон ба ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 787,4 тонна кумаки башардӯстона интиқол дода шудааст. Ин кумакҳо аз ҷониби 25 кишвари ҷаҳон расонида шудаанд.

Дар миёни донорҳои асосӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад, ки дар ин давра ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 1 миллиону 640 ҳазор доллар ёрӣ расонидааст. Пас аз он Чин ва Корея ҷой гирифта, ҳаҷми кумакҳои онҳо дар маҷмуъ ба ҳудуди 1,6 миллион доллар мерасад.

Ҳамчунин, Ҳолланд ба маблағи қариб 1 миллион доллар, Ҳиндустон тақрибан 958 ҳазор доллар ва Русия ҳудуди 938 ҳазор доллар кумаки башардӯстона фиристодаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 80 дарсади тамоми кумакҳои башардӯстонаи воридшуда дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ маҳз ба саҳми Амрико, Чин, Корея, Ҳолланд, Ҳиндустон ва Русия рост меояд.

Бо вуҷуди ин, дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои умумии иқтисоди хориҷии кишвар, ҳаҷми ин кумакҳо чандон бузург нест. Тибқи маълумоти расмӣ, дар моҳҳои январ-апрели соли 2026 ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон ба 3 миллиарду 80 миллион доллар баробар шудааст.

Ҳамин тариқ, ҳиссаи кумаки башардӯстона дар сохтори умумии воридоти кишвар ҳамагӣ тақрибан 0,31 дарсадро ташкил медиҳад.

Коршиносон бар он назаранд, ки кумаки башардӯстона асосан барои татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, дастгирии соҳаи тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва расонидани ёрӣ ба гурӯҳҳои осебпазир истифода мешавад. Дар айни замон, ҳаҷми нисбатан ками он дар муқоиса бо воридоти умумӣ нишон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон бештар ба тиҷорати хориҷӣ ва равобити иқтисодӣ такя мекунад, на ба кӯмакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик дар самти татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона идома медиҳад ва кумакҳои мазкур ҳамчун яке аз унсурҳои дастгирии рушди иҷтимоӣ арзёбӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *