Русия содиротро манъ кард, рӯ ба Эрон бояд овард

Русия содироти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо (керосини авиатсионӣ)-ро то 30-юми ноябри соли 2026 манъ кард. Ин қарор боиси он шудааст, ки Душанбе дар мавриди таҳвили ин навъи сӯзишворӣ аз Эрон талош кунад.

Вобастагӣ аз бозори Русия

Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2025 Тоҷикистон аз Русия зиёда аз 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид кардааст, ки нисбат ба соли пеш 17,5 дарсад бештар мебошад. Умуман, аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ 84 дарсад ба Русия рост меояд.

Ин ҳамкорӣ барои Тоҷикистон то имрӯз аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд буд. Аз соли 2013 дар доираи созишномаи байнидавлатӣ ҷумҳурӣ сӯзишвориро бидуни пардохти боҷҳои содиротии Русия ворид мекунад. Аммо таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки ҳангоми ба миён омадани мушкилоти бозори дохилии Русия, маҳдудиятҳои содиротӣ метавонанд ҳар лаҳза ҷорӣ шаванд.

Русия дар солҳои гузашта чандин маротиба содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро маҳдуд карда буд ва ҳоло бори аввал содироти керосини авиатсиониро низ қатъ намуд.

Паёмадҳо ба Тоҷикистон

Дар кӯтоҳмуддат эҳтимоли ба вуҷуд омадани буҳрони шадид кам ба назар мерасад. Захираҳои мавҷуда ва таҳвилҳое, ки дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ амалӣ мешаванд, метавонанд вазъро муътадил нигоҳ доранд. Аммо дар дурнамои миёнамуҳлат як қатор хавфҳо вуҷуд доранд.

Аз ҷумла:

– болоравии арзиши сӯзишвории ҳавопаймоӣ;

– афзоиши нархи билетҳои ҳавопаймо;

гарон шудани интиқоли борҳои ҳавоӣ;

таъсири занҷиравӣ ба нархи молу хизматрасониҳо;

афзоиши хароҷоти ширкатҳои ҳавонавардӣ.

Бо дарназардошти он ки хатсайрҳои ҳавоӣ барои муҳоҷирати меҳнатӣ ва равобити иқтисодии Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ доранд, ҳар гуна тағйирот дар бозори сӯзишвории ҳавопаймо метавонад ба ҳазорҳо шаҳрванд ва садҳо соҳибкор таъсир расонад.

Таъсири буҳрони Ховари Миёна

Вазъ боз ҳам мураккабтар шудааст. Танишҳои ахир дар Ховари Миёна ва баста шудани тангаи Ҳурмуз аз ҷониби Эрон, ки қаблан тақрибан панҷяки интиқоли ҷаҳонии нафт аз он мегузашт, ба болоравии нархи нафт дар бозорҳои байналмилалӣ сабаб гардидааст.

Дар чунин шароит бисёр кишварҳо кӯшиш доранд манбаъҳои таъминоти худро ҷустуҷӯ кунанд ва аз вобастагӣ ба як таъминкунанда раҳоӣ ёбанд.

Рӯ ба Эрон

Дар ҳамин замина, талошҳои Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти махсус пайдо мекунанд.

Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2024 дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири нафти Эрон Муҳсин Покнажод масъалаҳои ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, таҳвили нафти хом бо пешниҳоди тахфифҳо ва табодули таҷрибаи мутахассисон баррасӣ шуда буданд.

Афзалиятҳои ҳамкорӣ бо Эрон чанд самти муҳимро дар бар мегиранд:

Якум, диверсификатсияи манбаъҳои воридот. Агар Тоҷикистон қисми эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби Эрон таъмин кунад, вобастагии мутлақ аз як бозор коҳиш меёбад.

Дуюм, имкони воридоти нафти хом барои коркарди дохилӣ. Лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» метавонад ба як иқдоми стратегии миллӣ табдил ёбад.

Сеюм, ҷалби сармоя ва технология. Эрон дар соҳаи нафту газ таҷрибаи бузург дошта, метавонад дар омӯзиши конҳои эҳтимолии Тоҷикистон ва омодасозии мутахассисон саҳмгузор бошад.

Чорум, таъсири мусбат ба бозори дохилӣ. Дар оянда истеҳсоли дохилии маҳсулоти нафтӣ метавонад арзиши воридот ва хароҷоти нақлиётиро коҳиш диҳад.

Ҳушдор

Манъи содироти сӯзишвории ҳавопаймоӣ аз ҷониби Русия барои Тоҷикистон ҳанӯз ба маънои буҳрони таъминот нест. Захираҳои мавҷуда ва музокироти дарпешистода метавонанд мушкилоти кӯтоҳмуддатро ҳал кунанд.

Аммо ин воқеа бори дигар нишон дод, ки амнияти энергетикӣ танҳо бо такя ба як бозор таъмин намешавад. Гуногунсозии манбаъҳои таъминот, рушди иқтидори коркарди дохилӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳое чун Эрон метавонанд барои Тоҷикистон на танҳо роҳи ҳалли мушкилоти имрӯз, балки кафолати суботи иқтисодии фардо бошанд.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *