Омӯзиши алифбои ниёгон. 6 пешниҳод барои татбиқи супориши Президент

Як даҳсола пеш хат ва алифбои ниёгон аз синфи чор то синфи ҳафт омӯзонида мешуд ва китобҳояш низ интишор шуда буданд. Пасон, бо ризоияти Сарвари давлат, Вазорати маориф китобҳои дарсии “Адабиёт”-ро аз синфи 8 то синфи 11 ба хати ниёгон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргардон карда, ба мактабҳо тақсим намуда буд. Аз сабаби он ки солҳои баъдӣ соатҳои омӯзиши алифбои ниёгон маҳдуд гардида буд (сабабаш бароямон маълум нест, – А. Р.), китобҳои мазкур аз истифода дур монданд…

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки охири моҳи майи соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Ҳукумат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, баробари бисёр муаммоҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ масъалаи таҳким бахшидани омӯзиши алифбои ниёгон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, ба пиндошти мо, аз муҳтавои паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ва аз эҳтироми бениҳоят зиёдашон ба мероси пурғановати моддиву маънавии халқи тоҷик сарчашма мегирад.

Сарвари хирадманд ба гузаштаи пурифтихори миллат доимо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд ва масъалаи омӯзиши мероси маънавии халқи тоҷикро бо меҳр ёдовар шуда, аҳли ҷомеаву насли наврасро ба ҳифзу ҳимояи осори кӯҳан даъват менамоянд. Ҳамин нукта дар матни Паёми соли гузашта бо рӯҳбаландии хос садо дода буд. Даъвати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба расидан ба қадри таърихи пурифтихори халқи тоҷик, ҳифзу ҳимояи ёдгориҳои таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва қувват бахшидан ба хотираи фарҳангӣ ғояи меҳварии Паёми мазкурро ташкил медод, ки дар миёни ҷомеа ҳамовозии гармро ба вуҷуд овард. Шояд дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими омӯзиши алифбои ниёгонро ба миён гузошта, ба беҳтар кардани сифати таълими ин фанни зарурӣ дастури мушаххас манзур карданд.

Дар тӯли таърих тоҷикон алифбои худро чанд маротиба иваз карда бошанд ҳам, аммо ирқи ориёии худро нигоҳ доштаанд ва ба ҷаҳониён осори гаронбаҳоро ба мерос гузоштаанд, ки ҳиссааш бо забону хати арабӣ ва қисми зиёдаш бо хати форсӣ – тоҷикӣ таҳия шуда, рӯйи олам паҳн гаштаанд. Ҳоло дар бузургтарин китобхонаҳои Аврупо, аз ҷумла Англия, Франсия, Германия, Шветсия, Белгия, ШМА, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Туркия, Малайзия, Сингапур ва соири кишварҳо осори хаттии тоҷикону форсизабон маҳфуз буда, қисми ками онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Дар китобхонаву бойгониҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон бо хати ниёгон маводи зиёди дастхату баёзҳо ва асарҳои илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз онҳо то ба ҳол кам истифода шудаанд.

Ба ғайр аз ин, дар дасти тоҷикони ин кишварҳо, аз ҷумла тоҷикони Ӯзбекистон дастхатҳои нодир нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз ҷадди бузургашон ба ёдгор мондаанд. Касоне, ки бо ин хат ошно ҳастанд, аз ин сарчашмаҳои нодир истифода мекунанд. Боқимонда, осори гаронқадр дар рафҳои китоб ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Дастхатҳои нодире, ки профессор Ҳомид Ҳомидӣ дар Тошканд доштанд, қисми зиёдашон баёзу девон ва тазкираву таърихи олимону адибони пешини форсу тоҷик буданд, ки муҳаққиқ онҳоро дар давраҳои гуногун аз ҳамдиёронаш харидорӣ ва ҳифз карда буданд. Ҳамин гуна дастхату баёзҳо ва китобҳои нодир дар дасти тоҷикони кишвари ҳамсоя нигаҳдорӣ мешаванд ва шахсоне, ки ба хати арабиасос ошно мебошанд, аз ин китобҳо истифода менамоянд.

Банда, ду девони Машрабро, ки бо забони тоҷикӣ ва хати форсии настаълиқ дастхат шуда буданд, ба Китобхонаи миллӣ супорида будам. Китобҳоро бароям ҷияни акдемик Мансуров туҳфа карда, аз ман хоҳиш намуданд, ки онҳоро ба дасти соҳибони забон, яъне Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорам. Ин хоҳиши дӯсти ҳамзабонам иҷро шуд ва хушбахтона, китобҳо дар шуъбаи дастхатҳо ба қайд гирифта шуданд. Дар дасти ҳамватанон ва дар бисёр хонаводаҳои тоҷик ҳам ин дастхату баёзҳо ва китобҳои пурарзиш бо хати ниёгон ва забони арабӣ маҳфуз мебошанд, ки ҷамъоварӣ ва ҳифзи онҳо аз манфиат холӣ нест. Ин кори хайр бояд аз ҷониби китобхонаҳои давлатӣ ва марказҳои илмиву омӯзишӣ дар мувофиқа ва розигии соҳибонаш амалӣ карда шавад.

Дар Арманистон китобхонаи бузурге бо номи “Матндорон” фаъолият мекунад. Дар китобхонаи мазкур теъдоди дастхатҳое, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудаанд, хело боарзиш нигаҳдорӣ мешаванд. Қисме аз ин дастхатҳо аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик истифода шудаанд. Аммо ҳиссаи дигараш то ба ҳол мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст.

Аз номи китобхона маълум мешавад, ки мафҳуми мазкур тоҷикӣ – форсист. Бояд гуфт, ки дар забони арманӣ калимоти тоҷикӣ – форсӣ ниҳоят зиёд мебошанд, ки аз ҳампайвандии забонҳои форсиву арманӣ дарак медиҳанд. Дар достонҳои Низомии Ганҷавӣ бошад, ҷойномҳои форсӣ – тоҷикӣ зиёд ёд мешаванд, ки ин далели таърихӣ ишора бар роиҷ будани забони форсӣ – тоҷикӣ дар қаламрави мазкур мебошад. Дар ин сарзамин матнҳои зиёди осори қадимаи тоҷикону форсизабонон боқӣ мондаанд, ки интизори омӯзиши муҳаққиқон мебошанд.

Дар Ҳиндустон низ маводи зиёди осори нодир бо хати арабиву форсӣ, ки мутааллиқ ба фарҳанги мост, боқӣ мондаанд. Ин ганҷи бемисл омӯзишу таҳқиқ мехоҳад. Аз рӯйи баъзе маълумоти оморӣ, то ба имрӯз дар кишвари Ҳинд зиёда аз 35 кафедраи форсӣ фаъолият мекунанд, ки ба омӯзиши забони форсӣ – тоҷикӣ ва таърихи мардуми ориётабор машғул мебошанд. Баъзе сарчашмаҳои паҳлавӣ, оромӣ, мехӣ, навиштаҷоти суғдиву бохтарӣ дар хазинаи китобхонаи ин донишгоҳҳо маҳфуз мебошанд. Дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой низ чунин осор ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.

Ташаббуси Сарвари давлат имкон медиҳад, ки муҳаққиқони оянда, ки хати ниёгонро дуруст аз бар менамоянд ва навъҳои ин хатро меомӯзанд, барои ҷамъ овардани ин ганҷи бузург машғул шаванд. Ҳамзамон, барои ба Ватан баргардонидани нусхаҳои он тадбир андешидан ба манфиати кор хоҳад буд.

Масъалаи дигаре, ки ба омӯзиши алифбои ниёгон рабт дорад, таълими он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Як даҳсола пеш хат ва алифбои ниёгон аз синфи чор то синфи ҳафт омӯзонида мешуд ва китобҳояш низ интишор шуда буданд. Пасон, бо ризоияти Сарвари давлат, Вазорати маориф китобҳои дарсии “Адабиёт”-ро аз синфи 8 то синфи 11 ба хати ниёгон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргардон карда, ба мактабҳо тақсим намуда буд. Ин китобҳои дарсиро Вазорати таълим ва тарбияи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳисоби маблағҳои худашон чоп карда, ройгон ба Ҳукумати кишвар тақдим намуда буд. Дар ин кор хидмати Ш. Сангимурод ва А. Байзоев, ки қариб ду моҳ дар Теҳрон ба омода кардани китобҳо машғул буданд, хело калон мебошад. Қисми зиёди китобҳои дарсӣ ҳамон солҳо ба мактабҳо тақсим шуданд. Аз сабаби он ки солҳои баъдӣ соатҳои омӯзиши алифбои ниёгон маҳдуд гардида буд (сабабаш бароямон маълум нест,- А. Р.), китобҳои мазкур аз истифода дур монданд. Агар истифода шуда бошанд ҳам, аз ҷониби баъзе омӯзгороне, ки шавқи зиёд ба ин хат ва дастхату баёз доштанд, корбарӣ шудаанд. Ба ғайр аз ин, бо иқдоми вазорат ва Пажӯҳишгоҳи маорифи назди Академияи илмҳои педагогӣ барои муаллимони ин ихтисос дастурҳои таълимӣ интишор гардида буданд. Аксари омӯзгорон ҳангоми дарс аз ин дастурҳо истифода мекарданд. Пасон, китоби дарсии “Хат ва алибои ниёгон” аз ҷониби Ш. Кабиров ва А. Байзоев чоп ва ба мактабҳо фиристода шуд. Дар баробари ин, баъзе муаллимони ботаҷриба ҷадвалу матнҳоро бо хати ниёгон чопу интишор менамуданд. Дар бисёри мактабҳо Шурои методӣ доир ба омӯзиши хати алифбои ниёгон фаъолият мекард, ки сатҳу сифати дарсҳоро баррасӣ ва барои беҳтар шудани сифати таълим машварату тавсияҳо интишор ва паҳн менамуданд.

Дар зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар низ хати ниёгон таълим дода мешуд. Бо сабаби дигар шудани нақша ва барномаҳои таълимӣ ва гузаштан ба низоми бисёрзинагӣ, афсӯс, ки ин соатҳо аз байн бурда шуданд.

Дар факултаҳои филологӣ, аз ҷумла филологияи тоҷик соати ин фан ба 6 кредит ва 146 соат расонида шуд, ки хело кам аст. Дар ихтисосҳои корманди адабӣ, мероси хаттӣ, ҳуҷҷатшиносӣ фанни “Хат ва алифбои ниёгон” ҳамагӣ 2 кредит, 48 соат, дар ихтисоси забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ 4 кредит ва 96 соат, дар ихтисосҳои фарҳанги ҷаҳонӣ, тарҷумаи бадеӣ 2 кредит ва 48 соат ва ихтисосҳои таърих ва сарчашмашиносӣ 3 кредит ва 72 соат фанни мазкур таълим дода мешавад. Дар дигар ихтисосҳо ин фан аз байн бардошта шудааст. Дар факултаи филологияи тоҷик пеш ин фан 192 соат ё зиёдтар таълим дода мешуд ва донишҷӯён баробари ба анҷом расонидани курс имтиҳон месупориданд.

Китобҳои дарсии “Матни хати классикӣ”, “Хат ва алифбои ниёгон” таълиф ва чоп шуда, дастраси донишҷӯёну омӯзгорон гардида буданд. Дар кафедраи забони тоҷикӣ олимони номдор, ба мисли профессорон М. Қосимова, Д. Хоҷаев, М. Саломов, дотсентон – Б. Сияев, А. Каримов, С. Ҳошимов, Ш. Кабиров ва дигарон аз рӯйи ин фан дарс медоданд ва маводи зиёди таълимву методӣ ба нашр мерасониданд. Китоби “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ низ бо ҳамин мақсад бо хати ниёгон интишор гардида буд. Ботаассуф, дар муддати кӯтоҳ, бинобар сабаби иваз шудани низоми таҳсилот ва таҳия гардидани барномаву стандартҳои нави таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо ин фан аз нақшаву барномаҳои таълимӣ берун шуд ва ё соатҳои он ба маротиб кам гардид.

Ташаббуси Сарвари давлат бори дигар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва низоми ваколатдори он – Вазорати маориф ва илмро вазифадор менамояд, ки ба нақшаву барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид намоянд ва таълими ин фан ва соатҳои онро боз аз сари нав дар зинаҳои таҳсилот вобаста ба ихтисосҳо баррасӣ намоянд.

Ин кори хайр барои омӯзиши мероси беш аз панҷҳазорсолаи халқи тоҷик имкони мусоид фароҳам меоварад ва қобилияти матнхонии насли навро беҳтар месозад.

Воқеан, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буда, барои ҷамъоварии мавод барои “Конуни тамаддуни ориёиҳо” мусоид менамояд ва муосиронро ба гузаштаи халқ зиёдтар ошно месозад. Ҳамзамон, ҷиҳати омӯзиши хати алифбои ниёгон дар муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда, барои омӯзиши осори кӯҳан роҳи васеъ боз менамояд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, академик

Вобаста ба ин, чанд пешниҳодро барои ислоҳи ин камбудӣ бамаврид мешуморем:

  1. Зиёд кардани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва интишори китобу дастурҳои методӣ.
  2. Дар асоси нақшаву барномаҳои таълимӣ зиёд намудани соатҳои дарсӣ дар факултаҳои филологӣ ва ихтисосҳои марбут ба он.
  3. Ҷорӣ кардани омӯзиши ин фан дар дигар ихтисосҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ.
  4. Бо хати ниёгон чоп кардани матни осори ниёгон.
  5. Ҷорӣ намудани омӯзиши навъҳои хати ниёгон дар ихтисосҳои филологӣ ва ҷудо кардани соатҳои алоҳида барои тадриси он.
  6. Паҳн намудани маҷаллаи “Пайванд” дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва интишор кардани матнҳои классикӣ бо алифбои ниёгон барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар рӯзномаву маҷаллаҳои соҳаи маориф.

Абдуҷаббор Раҳмонзода,

академик

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *