Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд?

Ҳамаи операторони алоқа нақшаҳои васеъкунии фарогирии шабакаро доранд. Аммо чӣ бояд кард, агар хоҳед, ки алоқа ё интернети мобилии нисбатан босуръат зудтар пайдо шавад? Мизоҷони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” роҳи ҳалро медонанд: бояд ба оператори худ муроҷиат кард. Танҳо аз оғози соли 2026 он 12 пойгоҳи базавиро (ПБ) бо дархости муштариёни худ насб кардааст.

Яке аз чунин пойгоҳҳои базавӣ дар деҳаи Деҳварзи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон насб гардидааст. “Барои занг задан ба наздикон, солҳои пеш маҷбур будем маконеро пайдо кунем, ки дар он сигнал дастрас бошад. Интернет қариб кор намекард. Он вақт мо ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мактуби дастаҷамъона навиштем”, – мегӯяд сокини деҳа Мақсудҷон Абдуллоев. – Ҷавоб дарҳол пайдо гардид. Ҳоло алоқа устувор ва интернет босуръат аст. Метавон озодона муошират намуда, аз тамоми хизматрасониҳо истифода бурд”.

Чунин нақлҳо – қисме аз кори мунтазам бо муштариён мебошанд. Бо дархости онҳо иншоотҳои нави алоқа дар ҳамаи минтақаҳо – ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, Душанбе ва НТМ насб карда мешаванд. Ҳар як муроҷиат дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба таври инфиродӣ баррасӣ мегардад. Нахуст мутахассисон вазъиятро дар маҳал арзёбӣ мекунанд. Баъзан муносибгардонии шабакаи мавҷуда кофӣ аст. Вақте ки ин камӣ мекунад, дар бораи сохтмони пойгоҳи базавии нав қарор қабул мегардад. Ин маънои онро дорад, ки таҷҳизотро бояд дастрас, васлу насб ва танзим кард, инчунин манбаъҳои энергия, аз ҷумла алтернативиро бояд ба инобат гирифт – дар кӯҳҳо ПБ бо генераторҳои дизелӣ ва аккумуляторҳо, баъзан ҳатто бо батареяҳои офтобӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Аксар вақт муҳлати корҳо бо сабаби релефи душвори маҳал, ки дар он ҷо бояд пойгоҳи базавӣ ба кор дароварда шавад, тӯл мекашад. Ва агар дар шаҳрҳо чунин лоиҳаҳо тақрибан ду-се моҳро дар бар гиранд, пас дар ноҳияҳои дурдаст – то ним сол вақт мегиранд. Аммо натиҷа як аст: муштариён соҳиби алоқаи босифат мегарданд.

Инро сокинони маҳаллӣ дарҳол эҳсос мекунанд. Чунончи, дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ пас аз ба кор андохтани пойгоҳи базавӣ суръати интернети мобилӣ ба 8-15 Мбит/с расид. Дар шаҳрҳои калон – Душанбе, Ҳисор, Хоруғ, Панҷакент – иншоотҳои нав барои коҳиш додани сарбории шабака кӯмак карданд. Дар натиҷа, суръати миёнаи дастрасӣ то 15-25 Мбит/с расид.

Абдусаттор Турсунов, сокини деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент таассуроти худро аз беҳтар шудани алоқа чунин баён кард: “Пештар барои анҷом додани як занги оддӣ лозим меомад, ки тақрибан як километр масофаро тай карда, ба ҷое равем, ки дар он ҷо сигнал устувор бошад. Ҳола ҳама чиз тағйир ёфтааст: дар тамоми деҳа алоқа устувор ва интернет босуръат аст. Ташаккур!”

Тағйирот махсусан барои онҳое, ки хизматрасониҳои телекоммуникатсиониро барои кор ва пешбурди тиҷорат истифода мебаранд, назаррас аст. “Ман як дӯкони хурд дорам ва дар он ҷо савдо мекунам. Бинобар суст будани интернет мизоҷон на ҳамеша метавонистанд маблағи харидҳоро пардохт намоянд, – нақл мекунад сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Панҷакент, Барно Исмоилова. – Ҳоло кор хеле осону қулай шуд. Дар пардохти маблағ ягон мушкилӣ дида намешавад”.

“Мо ҳатто интизор набудем, ки пас аз муроҷиати мо алоқа то ин дараҷа тағйир меёбад! Ҳоло ҳама чиз хуб кор мекунад”, – илова мекунад сокини деҳаи Деҳварз Эмомалӣ Ғаниев.

“Мо на танҳо дархостҳоро қайд менамоем, балки вобаста ба онҳо қарорҳои мушаххас қабул мекунем. Бале, дархостҳои муштариён на ҳама вақт бо нақшаҳои аввалияи мо мувофиқат мекунанд. Аммо фикру мулоҳизаҳои истифодабарандагон муҳимтаранд: пойгоҳҳои базавии нав дар ҷойҳое пайдо мешаванд, ки ба онҳо ниёз бештар аст”, – қайд мекунад Алиҷон Ғаниев, директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Мехоҳед, ки дар маҳалли шумо алоқа беҳтар шавад? Танҳо дар ин бора ба оператори худ хабар диҳед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *