Боздошти зани 30-сола бо гумони куштори бародараш

Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд зани 30-сола бо гумони куштори бародари 35-солааш боздошт шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, миёни онҳо муноқиша сар зада, зан бародарашро бо болғаи резинӣ ва хишт задааст.  Дар натиҷа мард аз ҷароҳатҳои бардоштааш ҷон бохтааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса дар асоси Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *