Садамаи мудҳиш дар Ваҳдат. 11 нафар ҳалок, 4 кас захмӣ шуданд

Бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ, ки субҳи 2 июл дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дод, 11 нафар ҷон бохта, 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса тақрибан соати 6:30 –и саҳар дар ҳудуди деҳаи Элок рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини тамғаи «Дулан», Фирдавс Абдуллоев, сокини ноҳияи Ёвон, бинобар аз кор мондани системаи боздорандаи воситаи нақлиёт идораи мошинро аз даст дода, ба мошинҳои тамғаи «Опел Зефира» ва «Тойота Прадо» бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садама 11 нафар, аз ҷумла ронандаи мошини «Дулан» Фирдавс Абдуллоев, ронандаи «Тойота Прадо» Оқил Палавонов ва 9 мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин, 4 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, барои муолиҷа ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ҷузъиёти дигари садама муайян карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *