Журналисти тавоно ва адиби пурмаҳсул
Зимни интишори ҳар асаре пешгуфтор ё сарсухане барои он фароҳам меоваранд, то хонандаи закӣ ошноии муқадаммотие бо муҳтавои китоб пайдо намояд. Дар оғоз муаллифро эҳсосе фаро мегирад, ки навиштани пешгуфтор кори осонест. Вале ҳангоми мутолиаи асари тозанашри журналисти ҷасуру тавоною донишманд ва адиби тозакору пурмаҳсул Хуршед Атовулло сайъ намудам, ки тамоми заҳмати нависандаро пеши назар оварам ва барои худ як масъулияте эҳсос намудам. Бояд танҳо ҳақиқатро рӯйи варақ биоварам.
Хуршед Атовуллоро ҳамчун рӯзноманигори соҳибқалам аз соли 1998, ҳине, ки дар рӯзномаи баъди солҳои тӯлонӣ эҳёгардидаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамчун ходими адабӣ кор мекард, мешиносам ва ба эҷодиёти ин суханвари боистеъдод таваҷҷуҳи хоса дорам. Зеро Хуршед Атовулло аз аввалин рӯзҳои ба касби рӯзноманигорӣ қадам гузоштан ба насри моҷароӣ рӯй овард ва дар пайравӣ бо адибони шинохта Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Михаил Левин, Нарзулло Тилозода, Ғайрат Ҳаким ҷойҳои холии намунаи насри моҷароиро бо асарҳои пурмазмунаш пур кард ва ҳатто вобаста ба ду асараш филмнома ҳам навишт.
Ва инак, тавассути нашриёти «Ирфон» асари тозаэҷодашро бо номи «Блогер» пешкаши ҳаводорони каломи бадеӣ, мухлисон ва шавқмандони ин жанри адабӣ намуд.
Ҷоиз ба ёдоварист, ки олими шинохта, профессор Иброҳим Усмонов ба ин асар пешгуфтори пурмуҳтавое навишта, комёбию пешравии муаллифро бо пуррагӣ ба хонанда шинос намудааст.
Асар аз ҳашт қисса иборат буда, мавзуи мубориза ба муқобили ҷиноят, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, ба сифати қаҳрамони мусбат ба ҷойи аввал баровардани кормандони мақомоти қудратӣ диққати хонандаро ҳангоми мутолиа ҷалб менамояд.
Инъикоси хубиву зиштӣ, ки мазмуни асосии қиссаҳои моҷароиро дар бар гирифтааст, аз он дарак медиҳад, ки маҳорату таҷрибаи асар офаридани рӯзноманигори барҷаста сайқал ёфта, адиб қиссаҳои пурмазмун, хонданбоб офарида, дар навиштаҳояш кормандони мақомоти қудратӣ дар маркази мубориза бо ҷинояткорон ҷоннисорӣ намуда, ҳадаф ва мақсадашро нависанда хеле ҷаззоб ва бомаҳорат тасвир намудааст.
Масъалаи ғаму шодӣ, андуҳу алам ва шеваву тарзи бархӯрди инсонро адиб дар қиссаҳояш ба таври мустақим изҳор карда, ҳолати рӯҳию равонии қаҳрамононашро барҷаста ба қалам додааст.
Маврид ба зикр аст, ки навиштаҳои адиб Хуршед Атовулло ба ҷавонон тааллуқ дошта, онҳоро дар рӯҳияи оштинопазирӣ ба ҷинояту ҷинояткорӣ тарбия менамояд.
Бояд бо масъулият қайд намуд, ки нависанда дар адабиёти муосири тоҷик ба адиби шуҳратманд Артур Конан Дойл пайравӣ намуда, дар ҳамаи нигоштаҳояш номи се қаҳрамонаш – Шоҳин Азизов, муфаттиш Амонов ва журналист Ҷамшеди Ҳабибро персонажи марказии мусбат нишон дода, бо ин усули корбарӣ қиссаҳояшро шавқовар ва пурмазмун тасвир намудааст.
Бе муҳобот, қайд карданием, ки адиб Хуршед Атовулло ҳангоми таълифи асар навоварӣ ҷорӣ карда, дар паҳлуи кормандони мақомоти қудратӣ қаҳрамони асосӣ – рӯзноманигор Ҷамшеди Ҳабибро ҷой додааст, ки ӯ ҳамчун Шерлок Холмс амал намуда, гиреҳи ҷиноятҳои мушкил, вазнин ва мураккабро бо маҳорат, бо таҳлили аниқ, бо хулосабарории илмии мантиқӣ кушода, адолатро барқарор карда ва ҳақро ба ҳакдор месупорад.
Маврид ба зикр мебошад, ки адиб хеле бо ҷуръат, бо маҳорат макру фитнаи ҷинояткоронро, ки аз мусибату нокомиҳои қаҳрамонон моҳирона истифода мебаранд, кушода, симои ҳақиқӣ ва нияти нопоки онҳоро ба хонанда кушода медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки рӯзноманигори шоиставу ҷасур аз навиштани ҳодисаву воқеаҳои ҷиноятӣ намеҳаросад, бо далерию ҷасорат ниқобро аз рӯйи афроди ҷиноятпеша мекушояд ва бо ин тарзи ифода кардани мавзуъ дар дили хонанда боварӣ нисбати ғолибияти некӣ ба бадиро ҷой дода, бо ин усули нигоришаш масъулияти адибиашро бо сари баланд иҷро карда истодааст.
Тавре дар боло қайд намудем, яке аз навовариҳои адиб дар он аст, ки дар паҳлуи кормандони мақомоти қудратӣ рӯзноманигор Ҷамшеди Ҳабиб ҷой гирифта ва ӯ бо донишу маҳорати касбӣ симои ҷинояткорони ашаддиро кушода, мушкилии кори кормандони тафтишотиро бартараф карда, бо қобилияти кордониаш ҷинояткоронро пушти панҷара мебарад ва худи кормандони мақомот ба қобилияти кордонӣ ва дониши рӯзноманигор қоиланд.
Баъди қадаҳи якум Амонов ногаҳон иқрор шуд:
– Ҷамшед, агар кунҷковии ту намешуд, ин ҷиноят фош нашуда мемонд. (Қиссаи «Шантаж», саҳ. 39).
Муаллиф симои қаҳрамони асосии асараш Ҷамшед Ҳабибро тавонистааст бо тамоми санъату маҳорати ҷустуҷӯйӣ ва кофтуковии ҷинояткор ба қалам диҳад. Ба ин муколамаи ҷинояткор бо Ҷамшед Ҳабиб диққат диҳед:
– Оҳ журналист! Аз аввал медонистам, ки сари маро ту мехӯрӣ! Чаро он рӯз барои заҳр пошидан ба хӯроки ту ман фурсат наёфтам? Ҳар чӣ гуфтӣ, рост аст! (Қиссаи «Миледи», саҳ. 63-64).
Вижагии дигари муаллиф дар он аст, ки хислату характери қаҳрамони асосии асарро, маҳорату кордонии қаҳрамонашро аз забони персонажҳои дигар хеле кушоду равшан рӯйи авроқ овардааст.
– Ман бовар дорам, ки танҳо Ҷамшед сенарияи ин куштору ин ғорат, ҷойи пули русткардашуда, сабаби ба ин амал даст задани қотилон, гунаҳкор будан ё набудани Насим Азизбековро медонад… Ин ҳама Ҷамшеди Ҳабиб аст, ки ин гуна ҳунару заковату ақл дораду далелҳоро метавонад бо ҳам пайванд диҳад. Нуктаҳоеро бо ҳам пайванд диҳад, ки дигарон мебинанду намебинанд. Барои дидани ин ҳама, дарки ин ҳама шахси ҷӯянда бояд ба пӯсти қотил дарояд, бояд чун мақтул андешад, бояд таъсири равонии ҳар ҳодисаю воқеаотро дарк кунад, бояд мисли иштирокчии бевоситаи ин ҳама бошад. Ва дар миёни мо танҳо Ҷамшед ин гуна ҳунар дорад…,- вазир аз дасти Ҷамшед гирифту пеш аз ҳама ба сӯйи дача фаромад. (Қиссаи «Рози Майхӯра», саҳ. 274-275).
Боиси хушнудист, ки забони асар сода, равон, гуворо ва оммафаҳм буда, адиб хело ҷаззоб ва бо маҳорат дар ҷой ва мавқеъ аз панду андарз, мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ва шеъру ғазалҳои шоирони классику муосир фаровон истифода бурдааст.
Муаллиф аз зумраи рӯзноманигоронест, ки забонро бо тамоми нозукиҳояш фаро гирифта. Тозакориҳои адиб дар офариниши таъбироти тозаи калимот ва махсусан баҳрагирӣ аз забони зинда ва вожагони шева ниҳоят зиёд аст. Адиб аксар вақт аз калимоте суд меҷӯяд, ки дар лаҳҷа корбурд доранд, вале дарҳои забони адабӣ барояшон баста аст.
Бо боварии том изҳор карданием, ки асари тозанашри адиб Хуршед Атовулло мақбули хонандагони закӣ гардида, дар онҳо ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносиро боло мебардорад.
Нависанда Хуршед Атовулло дар авҷи камолоти эҷодист ва аҳли адаби кишвар интизори асарҳои пурмазмуну шавқовари дархӯрди ҷомеа буда, итминони комил дорем, ки боз шоҳиди ба табъ расидани чандин асарҳои наваш мегардем.
Дар хотима месазад, ки адиб Хуршед Атовулло ин асарашро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Устод Садриддин Айнӣ пешниҳод намояд.
Зариф ҒУЛОМ,
адиб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ