Бунёди 461 корхона дар Хатлон

Дар панҷ моҳи соли равон, дар вилояти Хатлон 40 коргоҳу корхонаи саноатӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Баъди ифтитоҳи корхонаҳо, беш аз 400 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҷамшед Маҳмуродзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳо 40 корхонаи гуногуни саноатӣ бунёд карда шуд.

Ӯ мегӯяд, бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Восеъ ва Норак корхонаи саноатӣ сохта шудааст. Дар корхонаҳои навбунёд, 400 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.

“Дар доираи панҷсолаи рушди саноат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 500 корхонаи гуногуни саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз соли 2022 то панҷ моҳи соли равон, дар маҷмӯъ 461 корхона сохта ба истифода дода шудааст. Боқимонда иншооти мавриди назар то охири сол сохта мешаванд”, – таъкид кард вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *