Сулҳ неъматест, ки тамоми миллатҳову давлатҳо ба он ниёз доранд
Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон боз як рӯйдоди фараҳбахшу муҳими сиёсӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар баробари дигар ташаббусҳои наҷиби байналмилалӣ ташаббуси шашуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» якдилона қабул гардид.
Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 вазъи сиёсию муташаниҷи ҷаҳони муосирро таҳлил намуда, таъкид карданд, ки имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳасосу мураккаб қарор дошта, равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани «ҷанги сард», низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.
Дар робита ба ин таъкид карданд, ки ҳоло вақти он расидааст, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра чораҳои муассир андешида шавад. Вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Мутаҳид ташаббуси махсуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Пешвои миллат аз ин пешниҳодашон зимни суханронӣ дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки бо гузашти як сол вобаста ба тезу тунд шудани вазъи сиёсии ҷомеа масъалаи қабули чунин қатънома боз ҳам аҳамияти бештар пайдо намуда истодааст. Хушбахтона 25 июни соли 2026 дар таърихи давлатдории навини миллӣ боз як саҳифаи дурахшон варақгардон шуда, дар қатори дигар ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси наҷиби Пешвои миллат-эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» тавассути қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид қабул гардид, ки ин рӯйдоди муҳим ва навиди фараҳбахш дар остонаи бузургтарин ҷашни умумимиллӣ 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ рост омад.
Таърихи 35-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол далел аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ваъдаашон вафо намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯзҳои амну осоиштагӣ ва якдилию якмаромии тамоми мардуми тоҷик расониданд. Пойдорӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд. Сулҳи тоҷикон сулҳи якрӯза, яксола ё барои як даҳсола нест, балки сулҳест барои имрӯзу фардою фардоҳои дигар. Сулҳ пойдорӣ, номдорӣ ва бардавомии миллату давлат аст. Ин сулҳ ҳушдор медиҳад, ки инсон бе сулҳу суботу ваҳдат ва бе амният вуҷуд дошта наметавонад. Сулҳи мо, тоҷикон аз сабақҳои омӯзандаи таърих ва фарҳанги миллатамон ибтидо мегирад.
Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияташон ба тақдири таърихии миллат таъсири мусбат мерасонад. Воқеан, яке аз хизматҳои пурарзиши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои абад дар радифи шахсиятҳои баруманди сатҳи ҷаҳонӣ ҷояшон дод, мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон буд. Ташаббуси шашуми Пешвои миллат дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро афзун намуд. Пешниҳоди ин ташаббус асосҳои худро дорад. Аввал ин ки Пешвои миллат давоми 35 соли давлатсозӣ бо назардошти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бо сулҳ анҷом додани он ва таъмини ваҳдату суботу амният дар ҷомеа таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ андӯхтаанд. Баъдан ин таҷрибаи гаронбаҳои сулҳофарӣ ҳамчун «модели тоҷикии сулҳ» аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, аз ҷониби аксари давлатҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Мусалам аст, ки меҳвари асосии сиёсати дохилию хориҷии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сиёсати сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Ҷаҳониён имрӯз Пешвои миллати моро ба унвони таблиғгари фарҳанги волои сулҳ мешиносанд. Андешаи сулҳ тавъам ба ҷузъи андешаи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми давлатҳо мавриди корбарӣ ва таҳлилу истифодабарӣ қарор дорад. Тавре ки, ҳамагон медонад, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ танҳо тавассути кӯшиши заҳматҳои Сарвари давлат ва хиради азалии мардуми шарафманди тоҷик ҷумҳурии мо ба Сулҳу ваҳдат ва ягонагию якдилӣ ноил гардид ва пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ пурра гирифта шуд. Агар сулҳу ваҳдат барқарору пойдор намешуд, хатари парокандагию нобуд шудан ва дар ҷанг пир гаштани аксари аҳолӣ, яъне хатари нобудии физикию биологии миллат низ имкон дошт.
Ин ташаббус, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихору сарбаландӣ аст, зеро Сарвари муҳтарами мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда, аз байни сарони давлатҳои ҷаҳон бо ин ташаббуси фарогиру хеле зарурӣ садо баланд намуданд. Ин ташаббус давоми мантиқии ҳамаи ташаббусҳои пешинаи Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлиму экология буд, ки дар асоси онҳо Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома қабул намуд. Ташаббуси навбатии Пешвои миллати мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфт, зеро сулҳ неъматест, ки тамоми миллатҳову давлатҳо ба он ниёз доранд.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ