Дар Амрико лағви «Ҷексон-Вэник» нисбати Тоҷикистон баррасӣ шуд

Мақомоти Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи лағви иловаҳои қонуни «Ҷексон-Вэник»-ро нисбати Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо раиси Кумитаи корҳои хориҷии Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Брайан Маст мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 1 июл дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла лағви маҳдудиятҳои қонуни «Ҷексон-Вэник» нисбати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Қонуни «Ҷексон-Вэник» соли 1974 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул шуда, дар оғоз нисбат ба Иттиҳоди Шӯравӣ бо сабаби маҳдудияти озодии муҳоҷират ва баъзе ҳуқуқҳои башар татбиқ мешуд. Ин қонун барои кишварҳое, ки дар рӯйхат боқӣ мондаанд, дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо ИМА маҳдудиятҳо пешбинӣ мекунад.

Дар солҳои 2000-2012 номи як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон, Русия, Украина, Молдова, Арманистон ва Гурҷистон аз рӯйхати ин қонун хориҷ карда шуданд. Аммо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол дар он боқӣ мондаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, дар сурати лағви ин маҳдудиятҳо Тоҷикистон метавонад ба шароити мусоидтари тиҷорат бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даст ёбад ва имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар густариш ёбанд.

Қаблан низ мақомоти Тоҷикистон ва бархе аз вакилони парлумон борҳо аз ҷониби Амрико хоста буданд, ки иловаҳои қонуни «Ҷексон-Вэник» нисбат ба Тоҷикистон бекор карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *